• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
26.05.2022 13:33

ЗИ КИМИЁ ЁФТ РАВНАҚ РӮИ ДУНЁ...

Ҳамасола ҳафтаи охири моҳи май дар саросари ҷаҳон Рӯзи химикон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат 26 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Зи кимиё ёфт равнақ рӯи дунё” баргузор гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ баромад намуда, тамоми иштирокчиёнро ба Рӯзи химикон табрику муборакбод намуда, аз ҷумла зикр кард, ки пас аз амалӣ гардидани системаи маълумоти бисёрзигаӣ ва ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе мақоми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев, факултети биология-химия ба факултетҳои мустақили химия ва биология ҷудо шуд.

 
26.05.2022 04:29

Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хусуси маълумоти бардуруғ ва иғвоангезе, ки вобаста ба кушта шудани яке аз саркардагони гуруҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, Мамадбоқиров Мамадбоқир дар сомонаи “ФОРС НЮС” ба нашр расидаст, бо масъулияти том иброз менамояд, ки иттиҳдияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Дар робита ба ин айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду мазҳаби расмӣ, мазҳаби Ҳанафия ва мазҳаби шиаи Исмоилия таи ҳазорсолаҳо дар фазои дустиву бародарӣ ва сулҳу оромӣ умр ба сар бурда истодаанд.
 
25.05.2022 11:30

ОҒОЗИ СЕССИЯИ ТОБИСТОНА ДАР ДОНИШГОҲ

Шурӯъ аз 25 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ раванди имтиҳонсупорӣ (сессияи тобистона)-и донишҷӯёни курсҳои 1-4-уми шакли таҳсили рўзона оғоз гардид. Донишҷӯён дар се Маркази қабули имтиҳонот ба тариқи тестӣ имтиҳон супорида истодаанд. Ба ғайр аз ин, дар асоси ризоияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 фоизи фанҳои тадрисшавандаи нимсолаи дуюми соли таҳсили 2021-2022 тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ гирифтани имтиҳонот ба роҳ монда шудааст. Ҳамин тариқ тибқи нақшаҳои таълимии амалкунандаи донишгоҳ  аз 25 майи соли ҷорӣ қабули имтиҳонҳо дар се шакл – шифоҳӣ, хаттӣ ва тестӣ ба роҳ монда шудааст.

 
24.05.2022 05:07

ТАҶРИБАОМӮЗӢ ДАР БАРНОМАИ УМУМИҶАҲОНИИ ОЗУҚАИ СММ

Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид донишҷӯёни дараҷаи бакалавриат, магистратура ва доктор PhD барои таҷрибаомӯзии тобистона (3 моҳ) барои вазифаҳои гуногун даъват менамояд.

Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо то 29 майи соли 2022 мебошад.

Бақайдгирии довталабон онлайн ба роҳ монда мешавад (пур намудани онлайн маълумотнома ҳатмист).

 
24.05.2022 04:53

СИМПОЗИУМИ ОНЛАЙНИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

Хоҳишмандонро барои ширкат дар "Симпозиуми онлайни  Осиёи Марказӣ - Семинар оид ба тасдиқи консепсияи ҳисоботи минтақавӣ доир ба сиёсати муносибат ба омӯзгорон" даъват мекунем. Семинари мазкур дуюмин дар силсилаи семинарҳои муштаракест, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ таҳти унвони «Омӯзгорони соҳибихтисос - Миллати соҳибихтисос» ташкил карда мешавад.

ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои маорифи Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ҳисоботи минтақавиро доир ба сиёсати нисбати омӯзгорон дар Осиёи Марказӣ омода мекунанд.

 
23.05.2022 10:35

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР БОҒИ УСТОД РӮДАКӢ

Шоми 21 майи соли 2022 дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Боғи ба номи устод Рӯдакӣ аз ҷониби ансамбли “Чеҳранамо”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барномаи зебои консертӣ баргузор карда шуд. Чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Амир Иброҳимзода ва ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҳусни оғоз бахшиданд.

 
21.05.2022 06:59

МУСОБИҚАИ ВОЛЛЕЙБОЛ АНҶОМ ЁФТ

Аз 16 то 20 майи соли 2022 бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён ва шуъбаи кор бо ҷавонон байни донишҷӯдухтарони донишгоҳ мусобиқаи воллейбол баргузор карда шуд. Дар мусобиқа 15 даста ширкат варзиданд.

 
21.05.2022 06:15

ҒОЛИБИЯТ ДАР МУСОБИҚА

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонон аз 12 то 20 майи соли 2022 мусобиқаи баскетбол байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт ташкил ва гузаронида шуд. Дар давраи ноҳиявии мусобиқаи мазкур 8 даста аз донишгоҳу донишкадаҳо, аз ҷумла дастаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо роҳбарии устод Ҳикматулло Шамсиддинов, ширкат варзиданд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ