• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз678
mod_vvisit_counterДирӯз705
mod_vvisit_counterДар ҳафта2064
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6282
mod_vvisit_counterМоҳ21620
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта25001
mod_vvisit_counterҲамагӣ945423

Online 11
IP шумо: 216.73.216.54
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-03-24 19:10
29.11.2024 05:38

 

ИМЗОИ СОЗИШНОМА БО ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ПОЛЕСС
Рӯзи 27.112024 миёни ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриидин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ва ректори Донишгоҳи давлатии Полесси Ҷумҳурии Беларус Дунай Валерий Иванович созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ин созишномаи нави ҳамкорӣ дар рӯзи якуми Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, ки таҳти унвони «Маориф – ҳамчун омили муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус»
 
25.11.2024 04:05

ИШТИРОКИ 3 ҲАЗОР НАФАР ДАР РОҲПАЙМОӢ

Возможно, это изображение 3 человека и текст


Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва ҷавонони касбу кори гуногуни пойтахт баргузор гардид.
Дар роҳпаймоии мазкур 3 ҳазор нафар аз ҳисоби роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни Донигоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок намуданд.

 
25.11.2024 04:04
ПАРЧАМ – РАМЗИ ВАТАНДОРӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
Возможно, это изображение 1 человек и текстПарчам, Нишон ва Конститутсия дар баробари рукнҳои давлатдорӣ аз муқаддасоти миллии ҳар кишвар маҳсуб мегарданд. Моҳияти асосии парчам муттаҳид кардани мардум барои мақсадҳои ягона аст. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст.
Вақте ки мо имрӯз – дар оғози асри бистуяк ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд.
Аввалин парчамҳо вексилоидҳо - акси худоҳо, рамзу нишонаҳои мухталиф доштанд. Парчамҳо аввалин маротиба дар Чин ва Миср, Эрони қадим ба вуҷуд омаданд. Онҳо ба лашкарҳо барои мавқеи худро ёфтан кумак мерасониданд. Маҳз онҳо намуди аввалини парчами давлатҳо гардиданд. Бори аввал дар таърихи Аврупо парчами матоӣ соли 480 пеш аз солшумории мелодӣ дар ҷанги Салиминск аз ҷониби лашкаркаши юнонӣ Фемистокл бардошта шуд.
Дар Шарқ парчам нахуст дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳамчун «дирафши Кова» ёдрас шудааст. Дирафши ковиёнӣ парчами тамоми шоҳони ривоятӣ ва парчами давлатии Эрон дар аҳди Кӯшониён ва Сосониён буд.
 
23.11.2024 03:27

 

“ДУРНАМОИ ФАЪОЛИЯТИ РАВОНШИНОСИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТӢ: ВАЗЪИЯТ, МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ БАРТАРАФСОЗИИ ОНҲО”
Возможно, это изображение 9 человек, помост и текстЗери чунин унвон имрӯз дар толори шурои олимони донишгоҳ мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар кори он сардори шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ Ахиева Саодат, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Маҷидова Бибиҳафиза, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Юнусова Нафиса, декани факултети психология, н.и.педагогӣ Саидзода Низомиддин ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
 
23.11.2024 03:23

ҲАМОИШИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Возможно, это изображение один или несколько человек, помост и текстДар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчами мо парфишон аз Пешвои миллат аст!” ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор гардид.
 
23.11.2024 03:19

ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ – БЕҲТАРИН ДОВТАЛАБОН МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Возможно, это изображение 2 человека и текст
Рӯзи 22 ноябр бо ибтикори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои марбута маросими мукофотсупорӣ ба даҳгонаи беҳтарин довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии солҳои 2023-2024 баргузор гардид.
 
20.11.2024 03:57
БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲИ КАСБИИ ЛИНИЙ
Баъд аз мулоқот ва имзои созишнома намояндагони Тоҷикистон ба Осорхонаи Донишгоҳи касбии Линий ташриф оварданд.
Зимни боздиди осорхона намояндагони кишвари азизамон Тоҷикистон бо таърих, дастовардҳо, ҳунари дастии донишҷӯён ва дар умум бо паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Донишгоҳи касбии Линий шинос гардиданд.

 
20.11.2024 03:51

ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ БО ДОНИШГОҲИ КАСБИИ ЛИНИЙ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

Возможно, это изображение 7 человек и текстНамояндагони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой аз Донишгоҳи касбии Линий боздид намуда, бо фаъолияти парки технологӣ, раванди баргузории дарсҳо, маҳсулоти ин муассиса аз қабили дрон, робот, қуватдеҳ (зарядник), дигар маҳсулоте, ки дар инҷо истеҳсол карда мешаванд ва умуман тадбиқи илм дар истеҳсолот, аз наздик шинос шуданд.
Дар доираи боздид миёни роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи касбии Линий мулоқоти судманд сурат гирифт.
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ