• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз105
mod_vvisit_counterДирӯз1056
mod_vvisit_counterДар ҳафта4042
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта7007
mod_vvisit_counterМоҳ4911
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27631
mod_vvisit_counterҲамагӣ817823

Online 5
IP шумо: 216.73.216.126
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-11-06 03:40
29.09.2025 21:22

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

29 сентябри соли 2025 бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Боиси ифтихор аст, ки нуҳ нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар озмуни мазкур бо ишғоли ҷойҳои намоён сазовори роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардиданд. Маъмурият ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ғолибонро барои ин дастоварди шоиста табрик гуфта, барояшон пирӯзиҳои нав дар даври ҷумҳуриявӣ орзу менамоянд.

 
29.09.2025 20:17

 

ДУ ХОНАНДАИ ЛИТСЕЙ БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» РОҲХАТ ГИРИФТАНД

 

29 сентябри соли 2025 маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон баргузор гардид.
Боиси ифтихори аҳли омӯзгорону хонандагон аст, ки ду нафар хонандаи литсей ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Аз ҷумла, Раҷабзода Алиҷон дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ҷойи дуюм ва Раҷабзода Бузургмеҳр дар номинатсияи «Химия» ҷойи сеюмро сазовор гардид.
Ғолибон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо диплом, ҷом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

 

 

 
29.09.2025 12:59

 

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Рӯзи 29.09.2025 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
 
27.09.2025 09:50

 

ТАШКИЛИ МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР ХОБГОҲИ №8
Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби омӯзгорону донишҷӯён ба фаъолияти ҷисмонӣ, субҳи имрӯз дар ҳавлии хобгоҳи №8 машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ омӯзгорон ва донишҷӯёни сокини хобгоҳ фаъолона иштирок намуда, бо шукӯҳу руҳбаландӣ машқҳои варзишӣ ва ҳаракатҳои оммавӣ иҷро карданд.
 
26.09.2025 18:44

 

ХОНИШИ СИЁСӢ: ТАТБИҚИ «БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАКМИЛИ ТАЪЛИМ ВА ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ»

 

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи нақша хониши сиёсӣ дар мавзуи “Татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷумаи факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ Байдуллоев Аъзам суханронӣ намуда, зарурати омӯзиши амиқи забонҳои хориҷиро ҳамчун воситаи тавсеаи имкониятҳои таълимӣ, илмӣ ва касбӣ барои ҷавонон таъкид намуд. Ӯ зикр кард, ки бо татбиқи барномаи мазкур донишҷӯёну омӯзгорон метавонанд дониши забонҳои русӣ ва англисиро дар сатҳи баланд аз худ

 
25.09.2025 18:41

 

ЗЕБОИИ ДОНИШГОҲ БО НАКҲАТИ ГУЛҲО

 

Бо ҳадафи ободу сарсабз гардондани фазои донишгоҳ ва фароҳам овардани муҳити дилнишину рӯҳбахш барои устодону донишҷӯён, дар донишгоҳ маъракаи гулшинонӣ баргузор гардид.
Дар доираи ин иқдом, бо ташаббуси раёсати донишгоҳ, канори роҳравҳо, гулгаштҳо ва атрофи биноҳои таълимӣ бо гулҳои тару тоза ва рангоранг оро дода шуданд. Ҳамзамон дарахтони ороишӣ батартиб дароварда шуда, алафҳои баланд кӯтоҳ карда шуданд, ки ин амал ба зеботар гардидани муҳити донишгоҳ ва фароҳам овардани фазои озодаю ороста мусоидат намуд.
 
25.09.2025 18:31

 

ОҒОЗИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ” БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи дастури раёсати донишгоҳ ва иҷроиши нақша-чорабиниҳо бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" бо ибтикори шуъбаи тарбия ва шуъбаи кор бо ҷавонон ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ нимаи дуюми рӯзи 24-уми сентябр соли равон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи футболи хурд ва волейбол барои дарёфти “Ҷоми раёсати донишгоҳ” дар байни 14 дастаи омӯзгорону кормандони раёсату шуъбаҳо, донишҷӯйписарон ва донишҷӯдухтарони факултетҳо оғоз гардид.
 
25.09.2025 17:54

 

ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БО САФОРАТИ ОЛМОН ВА ДААД
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии судманд бо намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти табодули академии Олмон (ДААД) баргузор гардид.

 

Сафорати Олмонро ҷаноби Стефан Волфрум, ёрдамчии Сафири Олмон дар Тоҷикистон, ва ДААД-ро доктор Гизела Тсимерман муаррифӣ намуданд.
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ