• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
02.03.2022 07:46

САД ҶОНУ ДИЛ ФИДОИ ЯК МУДДАОИ МОДАР

2 марти соли 2022 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Сад ҷону дил фидои як муддаои модар” бахшида ба “Рӯзи бонувон” баргузор гардид. Конференсияро Маҳмудзода Нусратулло – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ оғоз бахшида, доир ба мақому манзалати зан - модар дар ҷомеаи имрӯзаи кишвар сухан ронд. Сипас, Гулзод Маҳкам – муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баромад намуда, иброз дошт, ки зан – модар нигоҳдорандаи чароғи ҳар як хонадон, илҳомбахши эҷодиёти шоирону мусаввирон, бастакорон ва умуман бақои зиндагии инсон аст.

 
28.02.2022 07:50

РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД

Ба таваҷҷӯҳи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ расонида мешавад, ки 3 марти соли 2022 аз соати 8:00 то соати 12:00 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор мегардад.

МАРҲАМАТ БА ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ!

 

 

 
24.02.2022 09:28

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ХАТМКУНАНДАГОН

24 феврали соли 2022 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо хатмкунандагони донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Соҳибназар Сафаров, муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷамила Мусоҷонзода, кормандони шуъбаи маориф ва директорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.

 
23.02.2022 11:56

МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Бо ибтикори Шуъбаи кор бо ҷавонон, Иттифоқи касабаи донишҷуён дар якҷоягӣ бо кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати ҷашни 29-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ мусобиқаи варзишӣ баргузор карда шуд.

 
23.02.2022 11:13

ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ВА ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ВАРЗИШ

23 феврали соли 2022 дар асоси нақша - чорабиниҳои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Омӯзгор"-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш дар толори варзшии донишгоҳ машқи пагоҳирӯзӣ ташкил карда шуд. Дар машқи пагоҳирӯзӣ донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда иштирок намуданд.

 
23.02.2022 10:22

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ- СИПАРИ ДАВЛАТ

Дар доираи таҷлили 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хобгоҳи 6-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони "Қувваҳои мусаллаҳ - сипари давлат"  мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар раёсати  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, Дилшод Раҷабов - муовини раиси ташкилот, Давлатшо Каримов - котиби ташкилот, Ғоибов Аслиддин-палковники эҳтиётии Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Сатторов Сангмаҳмад иштирок ва суханронӣ намуданд.

 
23.02.2022 05:55

А НУ-КА, ПАРНИ!

Дар доираи таҷлил аз 29-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии варзишӣ ва интелектуалӣ таҳти унвони “А ну-ка, парни!”баргузор гардид.

 
22.02.2022 10:49

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ ДАР ХОНАИ ПИРОНСОЛОН

22 феврали соли 2022 бо ташабуси раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ҳайати ансамбли "Чеҳранамо"-и донишгоҳ бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаи пиронсолони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷамила Мусоҷонзода ва як қатор омӯзгорони донишгоҳ иштирок намуданд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ