03.02.2022 08:54 |
БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ МАОРИФ ДАР СОЛИ 2022 ОЗМУН ЭЪЛОН КАРДА ШУД
ДУШАНБЕ, 03.02.2022/АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми ҶТ барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2022 озмун эълон намуд. Роҳбарони сарраёсату раёсат ва мудирони шуъбаву бахшҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ номзадҳоро ҷиҳати иштирок дар озмун бояд то 18 марти соли равон ба вазорат пешниҳод намоянд.
|
02.02.2022 11:59 |
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ
"Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо-тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид."
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
2 феврали соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар ҷашн аҳли раёсати донишгоҳ, меҳмонон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Расёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ш. Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ иштирок намуданд.
|
02.02.2022 06:52 |
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДОИР БА ПСИХОЛОГИЯ
02 феврали соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавии факутети психология ва таҳсилоти фарогир конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши ниҳодҳои иҷтимоӣ дар таъмини солимии психологии насли ояндасоз” баргузор гардид.
|
31.01.2022 11:15 |
НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ
31 январи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2021 баргузор гардид, ки дар он аҳли раёсати донишгоҳ ва намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар иштирок доштанд.
Сароғоз ректори донишгоҳ профессор Н.У. Ғаффорӣ намояндагони ВАО-ро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, ҳозиринро бо натиҷаи фаъолияти донишгоҳ дар соли 2021 шинос кард.
|
31.01.2022 07:14 |
АКСИЯИ “30 СОЛИ ҲАМБАСТАГИИ ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ДАР ДОНИШГОҲ
Бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 31-уми январ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аксияи “30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат” баргузор гардид. Ҳадафи аксияи мазкур иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонони кишвар ва баланд бардоштани сатҳи огоҳиву маърифати сиёсии онҳо дониста мешавад.
Бояд гуфт, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми назаррас дошта, то замони ташкилёбии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон буд.
|
29.01.2022 17:14 |
Саймумин Ятимов и Камчыбек Ташиев: заявление по итогам переговоров
|
29.01.2022 17:10 |
Изҳороти Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев пас аз мулоқот
|
29.01.2022 04:05 |
ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМӮЗГОР”
28 январи соли 2022 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” баргузор гардид. Дар ин ҷаласа муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ – Мирзозода Абдусалом, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Ҷумахон Ҷӯрахонзода, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”- Дилшод Раҷабов, котиби ташкилот – Давлатшо Каримов ва омӯзгорону донишҷӯёни аъзои ҳизб иштирок намуданд.
Ҷаласаро Мирзозода Абдусалом ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва аъзоёни ҳизбро хайрамақдам гуфт. Сипас муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” – Дилшод Раҷабов оид ба фаъолияти солонаи ташкилот баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки дар донишгоҳ 1164 нафар аъзои ҳизб буда, 422 нафари онҳоро устодон ва боқимондаро донишҷӯён ташкил медиҳанд. Дар соли 2021 ташкилот 223 чорабинии фарҳангӣ, сиёсӣ, илмӣ, варзишӣ ва ғайраро баргузор кард.
|
|
|
|