27.12.2021 15:46 |
МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ ВА МУШКИЛОТИ
ТАТБИҚИ ОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ
25 декабри соли 2021 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-методӣ дар мавзуи “Муносибати босалоҳият ба таълим ва мушкилоти татбиқи он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” ба ифтихори 90-солагии таъсисёбии факултети филологияи тоҷик баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон баромад намуда, қайд дошт, ки муносибати босалоҳият дар таълим ба мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ, маърифатӣ ва касбӣ равона карда шуда, барои баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани шогирдони сазовор ва ҳаматарафа такомулёфта нигаронида шудааст. Сипас, профессорон Шарифмурод Исрофилниё, Абдусамад Мулоев, Рухшона Восиева, Саъдулло Нематов ва Ирина Каримова баромад намуданд.
|
27.12.2021 15:29 |
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ
90-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ
“Таърихи ташаккулёбӣ ва фаъолияти Донишгоҳи омӯзгорӣ як пораи таърихи нави миллати мост”.
Эмомалӣ Раҳмон
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз аввалин муассисаи олии касбии кишвар ба ҳисоб рафта, 18-уми июли соли 1931 дар заминаи ду шуъбаи факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна таъсис дода шуд, ки соли ҷорӣ аз таъсиси ин боргоҳи илму маърифат 90 сол сипарӣ гашт.
Ба ин муносибат, 24 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ ва рушди низоми маориф” бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, даспарварону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
|
23.12.2021 15:25 |
ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ - НАХУСТМУАССИСАИ ОЛИИ КИШВАР
Маориф, ки омили муҳимтарини наҷоти миллат ва давлат ба ҳисоб меравад, аз солҳои аввали таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи омода намудани омӯзгорони касбии дорои маълумоти олӣ ва ташкил намудани нахустин мактаби олии Точикистон - Донишкадаи олии агропедагогии тоҷик аз 18-уми июли соли 1931 дар асоси қарори Кумитаи роҳбарии муассисаҳои илмию таълимии КИМ ИҶШС дар заминаи ду шуъбаи факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна таъсис дода шуд. Тазаккур бояд дод, ки бо чунин мақсад ибтидои солҳои 30-юм, бо қарори КМ ҲК(б) Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсати ғайримуттамарказгардонии макотиби олиро пеш гирифт. Тибқи ин амал, тамоми низоми макотиби олии мамлакат бо усули тақсимоти соҳавӣ аз нав сохта шуд. Сохтори мактабҳои олии дорои факултетҳои зиёд тағйир дода шуда, дар заминаи факултетҳои онҳо донишкадаҳои олии тахассусӣ таъсис ёфтанд. Аз ҷумла, сохтори Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна низ мувофиқи сиёсати пешгирифтаи ҳукумати марказӣ аз нав таҳрезӣ гардида буд.
|
21.12.2021 14:07 |
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
21.12.2021 13:10, шаҳри Душанбе
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон
Ҳамватанони азиз!
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.
Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.
Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.
Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.
|
18.12.2021 09:28 |
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС
18 декабри соли 2021 дар факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори 30 – солагии Истиқдлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90–солагии таъсисёбии Донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинии мазкур ҳусни оғоз бахшид. Сипас, декани факултети забон ва адабиёти рус, дотсент Абреза Ниятбекова суханронӣ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни ин чорабиниро ба ин даргоҳи илму таълими кишвар хушомадед гуфт.
|
18.12.2021 09:11 |
НАХУСТИН МАРКАЗИ ИЛМУ ТАЪЛИМИ ТАЪРИХ ДАР ҶУМҲУРӢ
18 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси факултети таърих ба ифтихори 90-солагии таъсисёбии факултети мазкур конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нахустин маркази илму таълими таърих дар ҷумҳурӣ” баргузор гардид. Дар ҷаласаи пленарии конференсияи мазкур бостоншиносону таърихнигорон ва олимону донишмандони кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ суханронӣ намуда, зикр дошт, ки факултети таърих зербинои асосии аввалин донишгоҳи олии Тоҷикистон буда, дар муддати 90 соли фаъолияти худ як зумра олимону донишмандони варзидаро ба камол расонидааст.
|
18.12.2021 15:02 |
МУБОРАК НАВАДАТ, ЭЙ ДАРГАҲИ МАН!
16 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 – солагии Донишгоҳ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони “Муборак навадат, эй даргаҳи ман!” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Нахуст, мудири шуъбаи тарбия Қобилҷон Иброҳимов баромад намуда, ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид. Сипас, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон М.Абдураҳмонов баромад намуда, оид ба нақш ва ҷойгоҳи ин нахустдаргоҳи илму таълими кишвар ба донишҷӯён маълумот дод.
|
|
|
|