29.11.2021 08:58 |
The illegal rally, which began in the afternoon of November 25 in Khorugh by some interest groups, was stopped at 20:00 on November 28, reports the Press Center of the Interdepartmental Commission for Security and Public Order in GBAO.
|
29.11.2021 08:49 |
Незаконный митинг, начатый во второй половине дня 25 ноября в Хороге некоторыми заинтересованными группами, был прекращён в 20:00 часов 28 ноября, сообщает НИАТ «Ховар» со ссылкой на пресс-центр Межведомственного штаба по обеспечению безопасности и общественного порядка в ГБАО.
|
29.11.2021 08:42 |
Гирдиҳамоии ғайриқонунӣ, ки баъди нисфирӯзии 25 ноябр дар шаҳри Хоруғ аз тарафи баъзе гурӯҳҳои манфиатдор оғоз шуда буд, соати 20:00-и 28 ноябри соли ҷорӣ қатъ карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ.
|
25.11.2021 11:04 |
ДУШАНБЕ, 25.11.2021 /НИАТ «Ховар»/. 25 ноября в 11 часов 30 минут житель села Тавдем Рошткалинского района ГБАО Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, 1992 г. р., который находился в официальном розыске за совершение преступлений, предусмотренных статьями 181, ч. 3 («Захват заложника организованной группой») и 189, ч. 3 («Возбуждение национальной, расовой, местнической или религиозной вражды») Уголовного кодекса Республики Таджикистан на основе розыскных материалов органов прокуратуры, в ходе оперативно-розыскных мероприятий по его задержанию оказал вооружённое сопротивление работникам правоохранительных органов, открыл огонь из пистолета «Макаров», который носил при себе незаконно. Ответным огнём преступник был ранен. Об этом сообщает НИАТ «Ховар» со ссылкой на пресс-центр Прокуратуры ГБАО.
|
25.11.2021 10:37 |
ДУШАНБЕ, 25.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябри соли 2021, соати 11:30, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992, ки барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт, ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз пистолети тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Прокуратураи ВМКБ хабар медиҳад.
|
24.11.2021 10:24 |
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
24.11.2021 07:00, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори санаи муҳимми таърихӣ – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик мегӯям ва орзумандам, ки парчами давлатии Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу суботи мамлакат ҳамеша парафшон бошад ва мардуми сарбаланди кишварро ба сӯйи ояндаи боз ҳам осудаву обод роҳнамоӣ созад.
Имсол мо Рӯзи Парчами давлатиро дар соли барои тамоми мардуми Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сисолагии истиқлолу озодии Ватанамон таҷлил мекунем.
Дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср ва садҳову ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намуданд.
|
24.11.2021 03:16 |
ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!
24 ноябри соли 2021 дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонону донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!” баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳпаймоии донишҷӯёни донишгоҳ бо шиору овезаҳо, ки таҷассумгари сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагист, оғоз гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, кулли иштирокчиёни ҳамоишро бо ин санаи таърихӣ табрику таҳният намуд.
|
24.11.2021 11:33 |
ПАРЧАМ РАМЗИ САОДАТ ВА ПИРӮЗИИ МИЛЛАТ
24 – уми ноябри соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраи сиёсатшиносӣ бахшида ба “Рӯзи парчами давлатӣ” семинари илмӣ-назариявӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ва директори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Небраскаи Омаҳаи ИМА профессор Пэтрик Макнамара баргузор гардид. Семинарро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ н.и.п, дотсент Байдуллоев Аъзам оғоз намуда, сипас бо камоли эҳтиром риштаи суханро ба меҳмони олиқадр Пэтрик Макнамара супорид. Устоди Донишгоҳи Небраскаи Омаҳа дар мавзуи “ИМА ва Тоҷикистон: робитаҳои илмиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар даврони Истиқлолият” маърӯзахонӣ намуд. Баъдан, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ н.и.с. Амиров Толиб Шарифович дар мавзӯи “Парчам рамзи саодат ва пирӯзии миллат” баромад намуд.
|
|