• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
12.11.2021 15:23

 

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ

ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ

2.jpg - 242.96 Kb12.11.2021 дар Гимназияи №4-и барои хонандгони болаёқати шаҳри Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф” баргузор гардид. Конференсияи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Имомзода Муҳаммадюсуф ифтитоҳ намуд.

Сипас, Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон,  профессор Махфират Хидирзода, номзади илмҳои филологӣ Рудобаи Мукаррам, профессор Диноршоҳ Азиз, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Абдулло Раҳнамо, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода ва муовини сармуҳаррири нашрияи “Минбари халқ” Маҳмадулло Наимов бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Дар идомаи чорабинӣ, ба як қатор кормандони соҳаи маориф ба ифтихори 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи маориф бо қарори Шӯрои  вазирони корҳои хориҷии ин созмон, аз 14.07.2021, таҳти №13 бо медали “20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай” қадрдонӣ гардонида шуданд.

 
12.11.2021 12:35

 

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ИЛМИИ  “ПСИХОЛОГИ ҶАВОН”

ДАР ФАКУЛТЕТИ ПСИХОЛОГИЯ ВА ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР

2.jpg - 65.99 KbИмрӯз, 12.11.2021  бо ташаббуси декани  факултети психология ва таҳсилоти фарогири ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ н.и.п, дотсент Дадобоева Мадина Солибоевна ва аъзоёнии кафедраи психологияи умумӣ, маҳфили илмӣ таҳти унвони  “Психологи ҷавон” бо иштироки донишҷӯёни фаъоли курсҳои 3-юми ихтисоси равоншиноси амалӣ баргузор гардид. Роҳбарии маҳфили мазкурро омӯзгори калони ҳамин кафедра Рустамова Зарина бар ӯҳда дошт. Мавриди зикр аст, ки дар ин маҳфил донишҷӯён аз омилҳои гуногуни ҷанбаҳои психологӣ андешаронӣ намудаву барои саволу ҷавоб кардан, шарҳ додани баъзе аз истилоҳот ва тадбирандешии пешгирии ҳолатҳои зӯроварӣ, нашъамандӣ, тамокукашӣ, майнӯшӣ, рафтори агрессивӣ, канибализм, суитсид (худкушӣ) баҳсу мунозираҳо карданд.

 
12.11.2021 11:44

Муҳаммад Наҷибулло – ин ном шояд барои насли ҷавон кам ошност.

 
09.11.2021 17:58

 

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи милитсия

 

09.11.2021 18:00, шаҳри Душанбе

Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ!

Ҷашни касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, яъне Рӯзи милитсия имсол ба рӯзҳое баробар омад, ки мардуми шарафманду сарбаланд ва тамаддунсози тоҷик санаи сарнавиштсози таърихӣ – сисолагии истиқлоли давлатии кишвари азизамонро бо тантана ва бо ифтихор аз Ватану ватандорӣ таҷлил намуда, дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба хотири рушду тараққиёти Тоҷикистони маҳбубамон содиқона ва софдилона заҳмат кашида истодаанд.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар шароити сулҳу суботи комил ва бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардидани ин ҷашни муқаддас натиҷаи матонату ҳушёрӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқату ватандӯстии кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии давлати соҳибистиқлоламон мебошад.

Бинобар ин, бо камоли ифтихор ҳамаи кормандон, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик мегӯям.

Вақте ки ба таърихи фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибихтиёр назар мекунем, мебинем, ки он пур аз саҳифаҳои корнамоиву фидокорӣ ва ҷасорату ҷоннисориҳои фарзандони содиқ ба миллату Ватан мебошад.

 
05.11.2021 03:10

 

Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

 

1.jpg - 76.53 Kb05.11.2021

Ҳамватанони азиз!

Қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад.

Ҳамаи мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори ин ҷашни фархунда самимона табрик мегӯям ва ба хурду бузурги кишвар иқболи нек ва зиндагии босаодат орзу менамоям.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.

 
22.10.2021 16:26

«Талибан» * должен выстраивать взаимоотношения со всеми этническими и религиозными группами, со всеми политическими и общественными организациями. Об этом 21 октября завил президент России Владимир Путин во время выступления на XVIII Ежегодном заседании Международного дискуссионного клуба «Валдай».

 
22.10.2021 16:25

Дар Афғонистон «Толибон»* (ин ҳаракат дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) бояд бо ҳама гурӯҳҳои қавмию мазҳабӣ  ва ва созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ робита барқарор кунанд. Дар ин бора 21 октябр Президенти Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар Ҷаласаи солонаи XVIII Клуби мубоҳисавии байналмилалии «Валдай» изҳори назар намуд.

 
22.10.2021 16:18

«Талибан» * должен выстраивать взаимоотношения со всеми этническими и религиозными группами, со всеми политическими и общественными организациями. Об этом 21 октября завил президент России Владимир Путин во время выступления на XVIII Ежегодном заседании Международного дискуссионного клуба «Валдай».

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ