• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
11.10.2021 06:09

 

РӮҲИ СОЛИМ ДАР ТАНИ СОЛИМ НАКӮСТ

1.jpg - 82.26 KbСанаи 09.10.2021 бо ташаббуси декани факултети психология ва таҳсилоти фарогири ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  н.и.п., дотсент Дадобоева Мадина Солибоевна “Рӯзи умумиҷаҳонии солимии равонӣ” таҷлил карда шуд, ки дар ин чорабинӣ аъзоёни садорати факултету  кафедраҳои  он дар назди ̳даромадгоҳи асосии донишгоҳ баҳри болидарӯҳии  устодону  корман̳до̳̳ни донишгоҳ доираварақчаҳои мунаққашу зебо ҳадя намуданд,

 
09.10.2021 07:20

 

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА

9.jpg - 124.15 KbСубҳи 09.10.2021 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ҷалби васеи донишҷӯён ва кормандони қисми хоҷагии донишгоҳ шанбегии дастаҷамъона таҳти шиори “Тозагиву озодагӣ мароми мост!” баргузор гардид. Шанбегии мазкур аз ҷониби қисми хоҷагӣ ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён ташкил гардида, мақсад аз он сазовор пешвоз гирифтани 90-солагии ДДОТ ба номи С.Айнӣ мебошад. Дар ин шанбегӣ донишҷӯён атрофи бинои нави таълимиро, ки сохтмонаш бомаром идома дорад, аз партовҳо тозаву озода намуданд.

 
08.10.2021 17:15

 

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Шуморо барои иштирок дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ ва рушди низоми маориф”, ки бахшида ба таҷлили ҷашни 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳ, ки рӯзҳои 26-27 ноябри соли 2021 дар толори бинои асосӣ баргузор мегардад, даъват менамояд.

Масъалаҳои асосии баррасишаванда:

-        Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ – нахуст мактаби олии ҷумҳурӣ;

-       Аз таърихи тайёр кардани мутахассисони соҳаи илм ва маориф

-       тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар замони истиқлол;

-       муносибати босалоҳият ва истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим;

-       мушкилоти фалсафӣ, иҷтимоӣ, психологию педагогӣ ва методии таҳсилоти муосир;

-       робитаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо муассисаҳои илмию таълимии дохил ва хориҷи кишвар;

-       масъалаҳои мубрами рушди илмҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ ва гуманитарӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар;

-       масъалаҳои мубрами таълиму тарбия ва роҳҳои ҳалли он;

-       дурнамои рушди донишгоҳ;

 
06.10.2021 05:12

 

БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ПСИХОЛОГИЯ ВА

ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР АЗ ОСОРХОНАИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ

Санаи 30.09.2021 донишҷӯёни курси якуми ихтисоси психологияи иҷтимоии факултети психология ва таҳсилоти фарогири  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи  соати тарбиявӣ  бо роҳбарии омӯзгори кафедраи психология ва муносибатҳои оилаводагӣ Умарова Башира дидан намуданд. Маврид ба ёдоварист, ки донишҷӯёни сафарбаршуда, аз ҳаёт ва фаъолияти адиб, шоир, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ огаҳӣ пайдо намуданд.

 
02.10.2021 08:05

 

ОМӮЗГОРОН МАШЪАЛАФРӮЗОНИ ҶОМЕААНД


Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳаммадюсуф Имомзода ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон


13.jpg - 214.43 KbУстодон ва омӯзгорони гиромиқадр, муҳтарам кормандони соҳаҳои маориф ва илм!

Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли таълиму тарбия дар Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад.

Дар кишвари маҳбуби мо, ки маориф соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб меравад, омӯзгор мақому манзалати воло ва ифтихорӣ дорад. Бояд гуфт, ки мардуми мо табиатан ба омӯзгор арҷгузоранд, ӯро самимона эҳтиром мекунанд, зеро омӯзгор равшангари дилҳо, машъалафрӯз ва парчамбардори илму дониш ва маърифат эътироф шудааст. Аз ин рӯ, дар диёри мо Рӯзи омӯзгорон сол то сол ба таври густурда таҷлил мешавад, оммавияти бештар пайдо мекунад ва шукӯҳу шаҳоматаш меафзояд. Аслан, мардуми тоҷик аз қадим нисбат ба омӯзгор таваҷҷуҳи хоса доштанд ва байти машҳури Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ далел ба ҳамин маънист:

 
30.09.2021 15:15

 

“ДУШАНБЕ-ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИТТИҲОД-2021”

1.jpg - 57.28 KbСанаи 30.09.21 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи барномаи байнидавлатии “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” ва “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2020-2030”, бо иштироки докторантон, омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ ва магистрони факултети забон ва адабиёти рус баргузор гардид.

 
28.09.2021 12:07

 

Мусоҳиба бо профессор ва сиёсатмадор Иброҳим Усмонов доир ба фоҷеаи имрӯзи Афғонистон. Бо тоҷикон будани қавмҳои дигари Афғонистон ба манфиати миллии Афғонистон аст ё зарар, мавқеи кишварҳои Осиёи Миёна ба ҳолати имрӯзи Афғонистон бояд чӣ гуна бошад, барои татбиқи сиёсати миллӣ дар Афғонистон бештар аз ҳама кадом қавми ин кишвар мусоидат карда метавонад, заминаҳои инкишофи Толибон дар чист? Ва чанде аз саволњои калидии дигар аз мавзӯҳое мебошанд, ки дар ин гуфтумон матраҳ кардем.
 
28.09.2021 11:24

 

БАРГУЗОРИИ ОНЛАЙН-КОНФЕРЕНСИЯ

2.JPG - 212.27 Kb

28.09.2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши технологияи информатсионӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълим” бо иштироки васеи устодон, роҳбарони зерсохторҳо, инчунин намояндагону коршиносони Донишгоҳи давлатии педагогии Бошқирдистон ба номи М.Акмулла баргузор гардид. Бояд зикр кард, ки ин семинар тариқи онлайн баргузор гардида бошад ҳам, хеле аз масъалаҳои мубрами таҳсилоти фосилавиро дар бар мегирифт.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ