11.09.2021 07:12 |
Как известно всему мировому сообществу, вот уже более трех недель территория Панджера, которая считалась самой безопасной областью Афганистана, подвергается нападению Талибов при поддержке транснациональных международных террористических группировок. После неоднократных неудачных нападений этих групп и окружения талибов в осаде, к сожалению, 5 сентября 2021 года мы – гражданские лица – жители Панджшера стали свидетелями воздушного нападения авиации и беспилотников Армии Пакистана на территорию Панджшерского ущелья. Сотни бомб были сброшены на наши дома, в результате чего погибли десятки мирных жителей Панджшера, тела некоторых из них ещё предстоит собрать и похоронить.
|
11.09.2021 04:30 |
Ватан, ҳар гӯшаат обод бинам!
11-уми сентябри соли 2021 бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар дохил ва атрофи биноҳои таълимӣ, роҳравҳо ва хобгоҳҳои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни ин боргоҳи муқаддас шанбегии дастаҷамъона таҳти шиори “Ватан, ҳар гӯшаат обод бинам!” баргузор гардид.
|
10.09.2021 04:28 |
Суханронӣ ба ифтихори 30-солагии
истиқлоли давлатӣ дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе
09.09.2021 19:44, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ – ҷашни бузургтарину муқаддастарини миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Бо ифтихору хушҳолии зиёд иброз медорам, ки ин ҷашни сарнавиштсозро тамоми сокинони мамлакат чанд рӯз инҷониб дар фазои сулҳу субот, бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва қаноатмандиву шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил карда истодаанд.
Ин рӯзи муборак, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад.
|
10.09.2021 04:24 |
Иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни
30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт
09.09.2021 19:40, шаҳри Душанбе
9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар чорабинии идона шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки сокинони шаҳри Душанбе ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо комёбиҳои беназир истиқбол гирифтанд.
Танҳо давоми як соли охир пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ, маъмурӣ, истиқоматӣ, гулгашту хиёбон, майдончаҳои варзишӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои тоза ба бар кард.
Ҳамаи ин пешравиҳо бо ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва талошҳову тадбирҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба даст омадааст.
|
10.09.2021 04:14 |
Иштирок дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ ба ифтихори
солгарди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
09.09.2021 09:30, шаҳри Душанбе
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдони марказии пойтахт дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ ба ифтихори солгарди 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ дар ин ҳамоиши бузурги мардумӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони пойтахт ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо камоли ифтихору хушҳолӣ ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон самимона табрик намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳарчанд сӣ сол дар муқоиса бо таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик ва анъанаҳои давлатдории он муддати чандон тӯлонӣ нест, вале дар сарнавишти мардуми мо ин давра як марҳалаи озмоиши ҷиддии таърих ва солҳои ҳассоси ҳимояи ҳастии худ, таъмини сулҳу субот ва бунёди давлатдории миллии тоҷикон мебошад.
|
10.09.2021 04:07 |
Суханронӣ дар оғози роҳпаймоии осоиштаи сокинони
шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
09.09.2021 08:30, шаҳри Душанбе
Муҳтарам сокинони шарафманди пойтахт!
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҷашни муқаддас, бузург ва воқеан таърихӣ мебошад, самимона табрику таҳният мегӯям.
Сӣ сол муқаддам мардуми мо ба дастоварди бузургтарини таърихи навини худ – истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд.
Ҳарчанд ки сӣ сол дар муқоиса бо таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик ва анъанаҳои давлатдории он муддати чандон тӯлонӣ нест, вале дар сарнавишти мардуми мо ин давра як марҳалаи озмоиши ҷиддии таърих ва солҳои ҳассоси ҳимояи ҳастии худ, таъмини сулҳу субот ва бунёди давлатдории миллии тоҷикон мебошад.
Яъне истиқлол дар сарнавишти мардуми мо тағйиру таҳаввули куллӣ ва дигаргунии бунёдӣ ба вуҷуд овард.
|
10.09.2021 04:02 |
Ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи
30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
08.09.2021 12:50, шаҳри Душанбе
8 сентябр дар толори Кохи Борбад ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Тантанаи бошукӯҳи идона бо ворид шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони идораҳои давлатӣ, фаъолону собиқадорони ҷумҳурӣ, ҷавонон, намояндагони сершумори кормандони касбу кори гуногун ва сафирони кишварҳои хориҷи муқими Тоҷикистон иштирок карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии табрикии худ истиқлоли давлатиро бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон маънидод карда, аҳли толор ва мардуми кишвар, ҳамчунин кулли ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиро бо солгарди 30-юми ин дастоварди олӣ табрику таҳният гуфтанд.
|
08.09.2021 08:49 |
Dear compatriots, Honorable guests, Ladies and Gentlemen,
|
|