• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
06.09.2021 14:24

 

 

Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир

муовини якуми ректори

ДДОТ ба номи С.Айнӣ,

н.и.ф., дотсент

ДАСТОВАРДҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА РУШДИ ОН

ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

1.jpg - 113.39 KbСоҳибсухане барҳақ фармудааст, ки “Ҳеҷ неъмате беҳтар зи истиқлол нест” ва дар ҳақиқат беҳтарин неъмат барои инсон ба даст овардани истиқлол ва озодӣ ба шумор меравад.

Мардуми тоҷик беш аз ҳазор сол баҳри озодию истиқлол талошу мубориза мебурданд ва ин орзую умедашон 9 сентябри соли 1991 ҷомаи амал пӯшид ва инак 30 сол мешавад, ки онҳо аз ҳавои фараҳбахши Истиқоли давлатӣ нафас мегиранд ва барои бунёди ҷомеаи пешрафтаи кишварамон саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Истиқлоли давлатӣ аз ҷумлаи дастовардҳои беназири халқи тоҷик ба шумор рафта, махсусан, барои пешрафти соҳаи маориф ва илм шароит ва имкониятҳои басо мусоид фароҳам овард. Соҳаи маориф самти асосӣ ва стратегӣ эълон карда шуда, дар ҷумҳурӣ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат эътироф гардид.

Ҳамаи рукнҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва ғайра, пеш аз ҳама, дар заминаи мактабу маориф рушд меёбанд. Аз ин ҷост, ки давлат дар роҳи рушду пешрафти худ, аввалтар аз ҳама, ба мактабу маориф ва илм такя мекунад ва тамоми неру ва тавоноии худро баҳри рушди ҳамаҷонибаи ин соҳаи миллатсоз ҷалб месозад.

 
04.09.2021 19:54

 

“ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: МАРҲИЛАИ

ТАҚДИРСОЗ ДАР САРНАВИШТИ ХАЛҚИ ТОҶИК”


15.JPG - 143.51 Kb4 сентябри соли 2021 дар толори  Шӯрои олимони донишгоҳ бо иштироки олимону устодони варзидаи улуми таърих ва таърихшиносӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ: марҳилаи тақдирсоз дар сарнавишти халқи тоҷик” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаи пленарӣ  бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода зер мавзӯи “Рамзи соҳибдавлатӣ”оғоз гардид. Сарвари донишгоҳ меҳмонон, устодон ва аҳли нишастро бо фароҳам омадани чандин ҷашнвораҳои омадаистода, табрику таҳният гуфта, инчунин баргузории ин конфрнесияро, ки шомили 2 бахшу 34 маърӯза мебошад, хеле мубрам ва дар самти хештаншиносиву худогоҳии миллӣ басо арзишманд арзёбӣ намуд.

 
04.09.2021 19:43

 

ҲАМОИШ БАХШИДА БА МУАРРИФИИ КИТОБИ

“ОФТОБИ ТАРБИЯТ”

 

1.JPG - 147.15 Kb4 сентябри соли 2021 дар толори  Шӯрои олимони донишгоҳ бо иштироки як зумра олимон, устодони варзидаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва рӯзноманигорон муаррифии китоби   “Офтоби тарбият”,  ки  ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мураттаб гардидааст, баргузор гардид.

Садри ин ҷамъомади муаррификунанда мудири кафедраи методикаи таълими забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик, д.и.ф., профессор Шарифмурод Исрофилниё ҳозиринро бо мазмуну муҳтавои ин китоб ошно намуд. Сипас  муаллифони мақолаҳо ва мураттибони ин китоб доир ба хусусияти вожаи “тарбия” анешарониҳо намуданд. Маврид ба зикр аст, ки муаррифии ин китоб ба “Рӯзи китоб”, ки ҳамасола 4-уми сентябр дар Ҷумҳури Тоҷикистон таҷлил мегардад, рост омадааст.

 
01.09.2021 06:12

 

Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи №4

барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе

01.09.2021 11:00, шаҳри Душанбе

1 сентябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассисаи боҳашамати таълимӣ аз 9 бинои панҷ ва чорошёна иборат буда, ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ёфтааст ва барои 2500 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Гимназия дорои 109 синфхонаи замонавӣ буда, барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон шароити заруриву мутобиқ ба талаботҳои сатҳи ҷаҳонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, ҷиҳати омӯхтани фанҳои дақиқ таълимгоҳ дорои лабараторияҳои замонавии фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, физика ва табиатшиносӣ буда, барои гузаронидани таҷрибаҳои гуногун дар синфҳо аёниятҳои зарурӣ васлу насб гардидааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия, бо омӯзгорону хонандагони муассисаи наву замонавӣ суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Гуфта шуд, ки таълиму тарбия дар Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии таълимӣ ба роҳ монда шуда, барои тарбияи дурусти хонандагон аз усулҳои муосиру аёниятҳои замонавӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, тамоми синфхонаҳои таълимӣ бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

 
01.09.2021 06:02

 

Муборак, “Рӯзи дониш”, эй азизон!

5.jpg - 84.50 KbҲамасола 1-уми сентябр барои кулли донишомӯзон алалхусус, донишҷӯёни муасисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар рӯзи ибтидои соли хониш ба ҳисоб меравад ва бо тақвияти чунин андешаҳо субҳи имрӯз низ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ “Рӯзи дониш” оғоз гардид. Чун анъанаи дерин аъзои раёсати донишгоҳ аз ҷумла, муовинони ректор дар ҳамбастагӣ бо қисми таълим ба донишҷӯёни нав ба ин боргоҳомада, роҳнамоиву машваратҳо медоданд. Дар назди даромадгоҳи асосии донишгоҳ масъулин ҷиҳати беҳдошти вазъи саломатӣ, риояи фосилаи иҷтимоиву пӯшидани ниқобҳои яккарата ба донишҷӯён хидматгузорӣ мекарданд. Қисми дигари кормандон ҷиҳати ташкилнамоии тамошои “Дарси сулҳ” тавассути оинаҳои нилгун дар аудиторияву толорҳои биноҳои таълимӣ саҳмгузорӣ менамуданд.Фазои дохили донишгоҳ аз накҳати файзи истиқлоли кишвар муаттару шукуфо метофт.

 
01.09.2021 05:03

 

Ифтитоҳи хобгоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб -

интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе

01.09.2021 09:00, шаҳри Душанбе

1 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои хобгоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб- интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор дода, бо тарбиятгирандагони он суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.

Бинои хобгоҳ барои 375 нафар дар асоси дастуру роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, вакили шаҳрӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сарманзил" Маҳмудҷон Муродов ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шудааст.

Иншооти навбунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1 гектар замин қомат афрохтааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи апрели соли 2019 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонда шуд.

Бинои хобгоҳ аз 45 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳо барои мураббиён, мудир, посбон ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат буда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин мебошанд. Иншоот ҳамзамон дорои лифти замонавӣ аст.

Дар ҳар як ҳуҷраи хобгоҳ барои бошандагон рахтҳои хоб, ҷойи шустушӯи бадан ва дигар шароити лозима муҳайё буда, бино бо тамоми қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла, камераҳои назоратӣ таъмин мебошад.

 
01.09.2021 05:00

 

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №133 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

01.09.2021 08:50, шаҳри Душанбе

1 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 133-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи навбунёди таълимӣ оғоз бахшида шуд.

Мавриди зикр аст, ки мактаби замонавии бошукӯҳ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни бошукӯҳи миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли ояндаи миллат аз тарафи соҳибкори ватанӣ - директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир семент» Баҳриддин Ҷурахонов бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст. Муассисаи таълимӣ аз 4 қисми ба ҳам пайвасти 4 ошёна иборат буда, барои 2 ҳазору 560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

 
31.08.2021 18:10

 

ЗИ ИСТИҚЛОЛ МОРО САРФАРОЗИСТ

 

Паёми табрикии ректори донишгоҳ Нуъмонҷон Ғаффорӣ

ба муносибати Рӯзи дониш ва ҷашни 30-солагии

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фарорасии соли нави хонишро ба кулли устодон ва толибилмони донишгоҳ самимона табрик мегӯям. Имсол сафо ва файзи соли нави таҳсил, ки ҳамагон чун Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ медонанд, дар  донишгоҳ ва саросари кишвар тавъам дар остонаи ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат баст. Сулҳу истиқлол заминаи муҳимму арзишманд барои таҳкиму рушди соҳаи маориф ва донишандӯзии донишҷӯёну толибилмон мебошад. Ҷаҳони мутараққиву муосир нисбат ба мақому манзалати сулҳу сабот, Истиқлоли миллӣ ва арҷ гузоштан ба ин неъмати бебаҳо аз наврасону ҷавонон ва кулли шаҳрвандони мамлакат талаб менамояд, ки бояд таваҷҷуҳи бештар дар ин самт зоҳир карда шавад.

Ватани азизи мо – Тоҷикистон, ки баъд аз оғози Рӯзи дониш ҷашни бузурги 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии худро таҷлил менамояд, ҳамчун давлати муосири мутамаддин дар арсаи ҷаҳон на танҳо эътироф шуд, балки бо дастовардҳои назарраси ду даҳсолаи охири худ мавқеи шоистаро соҳиб гардид. Ин раванди таърихии нодири давлатдории навин, бешак, ба саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошад. Ин абармарди дунёи сиёсат, ки табиатан сулҳхоҳу ваҳдатпарастанд, борҳо зимни суханрониҳои худ таъкид кардаанд, ки «сулҳ муҳимтарин омили бақои миллат ва гарави осоиштагии ҳар як сокини мамлакат мебошад».

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ