03.09.2025 05:29 |
МУБОРАК ДАРСИ СУЛҲУ РӮЗИ ДОНИШ
(Бардошт аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори оғози соли нави таҳсил, таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ)
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз баррасии вазъи геополитикии ҷаҳони муосир, таҳкими сулҳу суботи ҷомеаи башар, фароҳам овардани фазои орому осуда барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, бахусус соҳаи маориф оғоз гардид, ки бесабаб набуд. Зеро сулҳ сарчашмаи рушди ҷомеаи донишмеҳвар, омили бақо ва пешрафти ҷомеа, маҳаки таҳкимбахши илму дониш ҳисобида мешавад, бе сулҳ дониш вуҷуд дошта наметавонад, аз ҷониби дигар, инсоният бо рушди илму такмили пайвастаи дониш сулҳро дар олам устувор менамояд, ин мафҳумҳо дар ҳамбастагӣ бо якдигар афкори солими инсонҳоро зиннат мебахшад. Дарси сулҳ ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба илму маърифат ва шукргузорӣ аз неъмати сулҳу суботро дар замири ҳамагон чун чароғи фурӯзандаи маърифат ва шарти асосии рушди маънавияти инсон поянда нигоҳ медорад. Дарси сулҳ дар даврони истиқлол ба суннати боарзиштарини ҷомеа бадал
|
03.09.2025 05:22 |
ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ
Имрӯз дар толори бошукуҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Аҳлиддин Ибодуллозода – ректори донишгоҳ, Абдуллозода Масрур – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, инчунин аҳли раёсат, устодон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
|
03.09.2025 05:14 |
ТАМОШОИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ
Имрӯз аҳли раёсат, омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ тамошо намуданд. Суханронии Сарвари давлат, ки ҳамасола ба муносибати оғози соли нави таҳсил ироа мегардад, дорои паёмҳои умдаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ буда, мақсаду мароми онро рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва тарбияи ҷавонони ватандӯсту соҳибмаърифат ташкил медиҳад.
|
01.09.2025 10:45 |
ИФТИТОҲИ МАКТАБИ НАВ ДАР ДЕҲАИ САФЕДТУНДАКИ НОҲИЯИ РАШТ
Дар деҳаи Сафедтундаки Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт муассисаи таҳсилоти ибтидоии №103, ки дар натиҷаи заминҷунбӣ зарар дида буд, пурра аз нав барқарор ва ба истифода дода шуд.
Ин иқдоми муҳим бо дастгирии молиявии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон амалӣ гардид.
|
01.09.2025 10:08 |
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ДОНИШГОҲ ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ
 27 августи соли 2025 ҷаласаи Шурои илмӣ-методии донишгоҳ таҳти роҳбарии раиси Шуро, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода С.И. баргузор гардид. Дар ҷаласа чор масъалаи асосӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғоз ҳайати нави Шурои илмӣ-методии донишгоҳ тасдиқ гардид. Баъдан, пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба нақшаи кории Шурои илмӣ-методӣ барои соли таҳсили 2025–2026 қабул шуд. Ҳамчунин оид ба тасдиқи нақшаҳои кории Шуроҳои илмӣ-методии факултетҳо ва комиссияҳои методии кафедраҳои умумидонишгоҳӣ барои соли таҳсили нав котиби ШИМ Ҳамроев А. гузориш пешниҳод намуд.
|
01.09.2025 10:02 |
ДАСТОВАРДИ ШОИСТА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Пирӯзии донишҷӯёну омӯзгори ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Рӯзи 26 августи соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, инчунин намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр ширкат варзиданд.
Боиси ифтихор аст, ки аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 3 нафар донишҷӯ, 1 нафар магистрант ва 1 нафар омӯзгор ғолиб ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд:
Холова Нилуфар – «Забон ва адабиёти рус», ҷойи якум;
Оқилзода Нурафшон – «Биология», ҷойи дуюм;
Ваҳҳобова Омина – «Филологияи тоҷик», ҷойи сеюм;
Самадова Фарзона – магистрант, «Забон ва адабиёти рус», ҷойи сеюм;
Бойзода Марворид – омӯзгори кафедраи педагогика, ҷойи сеюм.
Ғолибон аз ҷониби мақомоти шаҳри Душанбе бо диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.
Ин дастоварди арзанда нишон медиҳад, ки донишгоҳ дар рушди маърифат, китобхонӣ ва густариши фарҳанги мутолиа дар ҷомеа нақши бориз дорад.
|
01.09.2025 09:46 |
ХУШХАБАР ДАР ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ХОНИШ! Ғолибияти хонандагони Литсей дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
 Имрӯз, 26 августи соли 2025, дар Мактаби мусиқии ба номи Одина Ҳошим бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Дар ин озмун хонандагони Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла:
|
24.07.2025 17:01 |
КОРНОМАҲОИ ҶОВИДОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ (ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ) ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ АЗ ДИДГОҲИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат падидаи истиқлоли давлатиро армуғони тақдир намешуморад. Ба ин рӯйдод аз чаҳорчӯбаи таърихи беш аз панҷҳазорсолаи миллати тоҷик менигарад. Таъкид месозад, ки ормони истиқлолият аз нахустин лаҳзаҳои шаклгирии миллати тоҷик арзи ҳастӣ кардааст. Шароити мушаххаси таърихи пайдоиш ва рушди ҷаҳонбиниеро, ки мустақилияти сиёсии миллатро дар назар дошт, ёдрас менамояд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 11)
|
|