Рамазонӣ Давлатов- номзади илмҳои фалсафа,
омӯзгори кафедраи “фалсафа”-и ДДОТ ба номи С. Айнӣ
Созмони Ҳамкории Шанхай – созмони боэътимод
дар минтақа ва ҷаҳон
Созмони Ҳамкории Шанхай омехтаи шарикии минтақавии байнидавлатӣ мебошад, ки 15 июни соли 2001 бо мақсади ҳифз ва таъмини амнияту суботи минтақа таъсис ёфта, ҳамкории гуногунҷанбаи худро то имрӯз тадриҷан рушд медиҳад. СҲШ, ки қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкориҳои минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои аз нуқтаи назари сохтори сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба шумор меравад. Масоҳати умумии давлатҳои аъзои СҲШ тахминан 34,3 млн. км. мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 3,6 млрд. нафар ё 43,8% аҳолии умумии курраи заминро ташкил медиҳанд.
Вазифаҳои асосии Созмон тибқи Оинномаи дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмон дар Санкт-Петербург қабул шуда (7 июни соли 2002) инҳоянд:
- таҳкими равобити тарафайни дӯстона байни кишварҳои узв;
- густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо мақсади дастгирии сулҳ, амният ва субот дар минтақа, мусоидат ба таъсиси низоми нави байналхалқии демократӣ, боадолат ва аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ маъқул;
- муборизаи якҷоя алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризм, ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ, мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва яроқ, дигар навъҳои фаъолияти ҷинояткории фаромиллӣ ва ҳамчунин муҳочирати ғайриқонунӣ;
- ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои минтақавии босамари сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, мудофиавӣ, фарҳангӣ, илмӣ-техникӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, қарзӣ-молияви ва гайра, ки боиси тавваччухи умум хастанд.
|