• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
29.05.2021 10:15

 

РУШДИ РАВАНДИ ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР ДАР ДОНИШГОҲ

3.JPG - 164.76 KbНимаи дуюми рӯзи 28-уми майи соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факулттети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндагони Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди раванди таҳсилоти фарогир дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ» баргузор гардид. Дар ин мизи мудаввар ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, сармутахассиси муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Бобомуродов, координаторони барномаи Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар Тоҷикистон Рейка Ҳориё ва Мукай Кумазава, раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев ва дигар меҳмонон иштирок намуданд. Мизи мудаввари мазкур дар асоси лоиҳаи «Таҳияи барномаи таълимии курсҳои такмили ихтисоси муаллимон дар мактабҳои олӣ барои рушди таҳсилоти фарогир» баргузор гардид. Ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода зимни суханронии хеш меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз кӯмаку дастгириҳои шарикони лоиҳаи мазкур изҳори миннатдорӣ баён намуд.

 
29.05.2021 09:17

 

ВОХӮРИИ СУДМАНД

1.JPG - 154.54 Kb

Санаи 28.05.2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи С.Айнӣ вохӯрии намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов, хабарнигори нашрияи «Минбари халқ» Ҳуринисо Ализода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ Амир Иброҳимзода ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода суханронӣ намуда, меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Сипас хабарнигори нашрияи «Минбари халқ» Ҳуринисо Ализода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдуло Давлатов ва Амир Иброҳимзода доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир маърӯзаҳо намуданд.

 
27.05.2021 15:33

 

САФИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ БОЗ АФЗОИШ ЁФТ

10.JPG - 188.97 KbИмрӯз 27.05.2021 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-028 – и назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ н.и.ф., дотсент Ғаффоров Абдушукур Одинашоевич рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Хусусиятҳои грамматикӣ ва маъноии ибораҳои феълӣ дар забони адабии тоҷик” (дар асоси маводи осори мансури асрҳои XV-XVI) бо муваффақият ҳимоя намуд. Инчунин дар ҳамин шӯро, Раҷабов Абубакр Ашурович, омӯзгори кафедраи назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷик рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Хусусиятҳои овоӣ ва сохторию маъноии калимаҳои иқтибосии арабӣ дар гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ” зери роҳбарии д.и.ф., профессор Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло аз рӯи ихтисоси 10.02.01. – забони тоҷикӣ бо муваффақият ҳимоя намуд.

 
27.05.2021 05:11

 

СЕССИЯИ ФАЪОЛ ДАР ДОНИШГОҲ ОҒОЗ ГАРДИД

5.JPG - 174.81 KbТибқи фармоиши ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз 17.05.2021 то 12.06.2021 оид ба тартиби гузаронидани сессияи имтиҳонҳои тобистонаи солҳои 2020-2021 барои донишҷӯёни шуъбаи рӯзона, шурӯъ аз 24–уми майи соли равон оғоз ёфта буд. Нуқтаҳои имтиҳонсупории МҚИ-1, МҚИ- 2, МҚИ- 3 ва дигар синфхонаҳои компютерӣ барои супоридани имтиҳонҳои донишҷӯён муайян карда шудаву бо шароити техникии муосир таҷҳизонида шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки тартиби қабули имтиҳонҳо дар донишгоҳ, дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти касбии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба супоридани имтиҳонҳои ҷамъбастӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст. Дар марказҳои имтиҳонотӣ ва синфхонаҳои компютерӣ намояндагони раёсати таълим, маркази хизматрасонии техникӣ, идоракунии сифати таҳсилот ва назорати электронӣ, маркази тестӣ ва дигар зерсохтору шуъбаҳои дахлдор пайваста назорату корбарӣ доранд. Ҳамчунин дар даромадгоҳи нуқтаҳои имтиҳонотӣ навбатдории доимӣ ташкил карда шудааст, ки талаботи тартиботи ҷамъиятиро ҷиҳати  танзими донишҷӯён риоя менамоянд.

 
27.05.2021 02:55

 

ПИРӮЗИИ БЕНАЗИРИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ

photo_2021-05-26_17-40-43.jpg - 22.85 Kb25-уми майи соли 2021 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол – 2021” миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2020- 2021 ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайравӣ ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ояндасози миллат ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол” – ро дар радифи дигар озмунҳо миёни донишҷӯёни муассиҳои таҳсилоти олии касбии кишвар доир менамояд. Рӯзи 25-уми майи соли равон озмуни “Донишҷӯи сол – 2021”, ки дар он донишҷӯён аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок доштанд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплому тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.

 
26.05.2021 07:40

 

ЗИНДАГӢ САҲНАИ ЯКТОИ ҲУНАРМАНДИИ МОСТ...

20.JPG - 168.34 KbНимаи дуюми рӯзи 25.05.2021 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кумитаи Иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ намоишномаи “Келини ҷойдорӣ” дар иҷрои ҳунармандони Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ба намоиш гузошта шуд, ки дар он ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, муовинони ректор, омӯзгорон ва дигар кормандони зерсохторҳои донишгоҳ  иштирок намуданд. Намоишномаи мазкур тамоми паҳлуҳои зиндагии воқеии ҳаёти ҷомеаро фарогир буда, аз ҷониби ҳунармандон бо як маҳорати баланди касбӣ иҷро гардид, ки тамошобинон аз он як ҷаҳон маънӣ бардошт намуданд.

 
25.05.2021 10:44

 

МАН БАЪДИ ҲАЗОР СОЛ, МЕОЯМ БОЗ...

1.JPG - 149.80 KbРӯзи 25-уми майи соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар толори бинои асосӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Лоиқ Шералӣ ва таҳаввули шеъри муосири тоҷик” бахшида ба 80-солагии шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ бо иштироки меҳмонону донишмандон ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда доир ба хизматҳои устод Лоиқ Шералӣ дар рушду таҳаввули шеъри ноби тоҷикӣ ҳамчун шоири забардаст, андешаронӣ намуд. Маврид ба ёдоварист, ки шоир Лоиқ Шералӣ байни солҳои 1958-1963 дар факултети таъриху филологияи Донишкадаи педагогии давлатии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) таҳсил намуда, ҳамзамон аъзои фаъоли маҳфили “Адибони ҷавон”-и ҳамин боргоҳ будааст.

 
23.05.2021 13:12

 

ҶАВОНОНАНД ҲАМ МЕЪМОРУ ҲАМ НАҚҚОШИ ОЯНДА!

11.JPG - 248.41 KbИмрӯз, 23.05.2021 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Алишер Навоӣ бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба хотири дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни умумимиллӣ-30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Файзигул Саидова, ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, кормандони МИҲД-и ноҳияи Шоҳмансур, омӯзгорону кормандони донишгоҳ ва инчунин аҳолии гирду атроф иштирок намуданд. Сарояндагони ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ бо суруду таронаҳои дилнишин табъӣ иштирокчиёнро болида гардониданд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ