• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз761
mod_vvisit_counterДирӯз1188
mod_vvisit_counterДар ҳафта5886
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта7007
mod_vvisit_counterМоҳ6755
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27631
mod_vvisit_counterҲамагӣ819667

Online 9
IP шумо: 216.73.216.62
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-11-07 19:23
02.11.2022 08:07

 

ОҒОЗИ ДАРСҲО ДАР КУРСҲОИ ТАЙЁРӢ
1-уми ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ машғулиятҳо дар курсҳои тайёрӣ аз рӯи ихтисосҳои математика, физика, биология, биохимияи тиббӣ, химия, забони англисӣ, таърих, ҳуқуқ, забон ва адабиёти тоҷик дар асоси шартнома оғоз гардид.
Зимни ифтитоҳи машғулиятҳо Қурбон Қосимов, мудири шуъбаи курсҳои тайёрӣ иброз дошт, ки тибқи нақша шунавандагон ҳафтае панҷ маротиба аз рӯйи нуҳ фан мувофиқи кластерҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба машғулиятҳо ба таълиму омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола довталабоне, ки дар курсҳои тайёрии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил менамоянд, бедуни мушкилот ба дилхоҳ Донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар бо дониши худ дохил мешаванд.
 
02.11.2022 08:06

ВАЗОРАТ: ДОНИШҶӮЁН БО МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ ТАЪМИН ВА ЛАБОРАТОРИЯҲО БА ТАЛАБОТ ҶАВОБГӮ МЕБОШАНД
Субҳи 1-уми ноябри соли 2022 аз ҷониби намояндагони Раёсати мактабҳои олии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳолати фаъолияти лабораторияҳо, сифати таълим, маводҳои таълимӣ ва давомоти донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни боздид Наврӯз Мирзозода, сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, Сулаймон Исвализода, муовин ва кормандони дигари ин ниҳод, аз ҷумла Амиршо Ҷаъфаров, Муҳсин Саидшозода, Нодира Ҳасанзода ҳузур доштанд ва ҳайатро шахсан Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ ҳамроҳӣ намуд.
 
01.11.2022 08:15

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “ГЛОБУС”

Кафедраи географияи табии  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  дар таърихи 1 ноябри соли 2022 маҳфили илмии хешро дар мавзўи “Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф” баргузор намуд. Маҳфили илмии мазкурро мудири кафедраи географияи табиӣ  Рауфов Р.Н. кушода, доир ба ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки марбут ба соҳаи маориф мебошад, маълумоти мухтасар доданд.

 
01.11.2022 08:13

РОБИТАҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД
Дар таърихи 31-уми октябри соли ҷорӣ муовини ректори Донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Фаррух Худойдодзода дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 150-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Маскав иштирок намуд. Мавсуф зимни ширкат дар чорабинии болозикр табрикоти Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори ДДОТ ба номи С. Айниро ҳамроҳ бо туҳфаҳои расмӣ ба ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Маскав А.В. Лубков тақдим намуд. Зимнан Ф. Худойдодзода дар ҷаласаи васеи шурои олимони ДДОМ иштирок намуда, баҳри таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо роҳбарони муассисаҳои шарик мулоқот намуд.
 
01.11.2022 08:08

ДАСТАИ БЕҲТАРИН СОҲИБИ "ҶОМИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ" ХОҲАД ШУД
Ҷиҳати иҷрои дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати Рӯзи Кониститутсия ва 30-солагии иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла футбол, баскетбол ва шоҳмот миёни кормандон, донишҷӯдухтарону донишҷӯписарон барои дарёфти "Ҷоми ректори Донишгоҳ" аз 1-уми ноябри соли 2022 дар толори варзишии Донишгоҳ оғоз мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки соатҳои баргузории мусобиқаҳои варзишӣ барои донишҷӯёни басти якум баъд аз анҷоми дарс ва барои донишҷӯёни басти дуввум пеш аз оғози дарсҳо баргузор карда мешавад.
 
31.10.2022 02:50

ҚАБУЛИ РЕКТОР: МУРОҶИАТҲО ДАР ДОИРАИ ҚОНУН БАРРАСӢ МЕШАВАНД
Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ дар даромадгоҳи бинои асосӣ қабули шаҳрвандонро баргузор намуд.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби ректори Донишгоҳ арзу шикоятҳои муроҷиаткунандагон шунида шуда, дар доираи қонун мавриди баррасиву дастгирӣ қарор гирифтанд.
 
28.10.2022 11:28

ҶАЛАСАИ МАШВАРАТӢ

Бо мақсади мавриди иҷро қарор додани талаботи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1337 аз 13 сентябри соли 2022 ҷиҳати омӯзиш ва азхуд кардани вожаҳои забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ(400 калима) дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз ҳисоби устодону кормандони донишгоҳ гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Вобаста ба масъалаи мазкур дар таърихи 28 октябри соли 2022  таҳти роҳбарии  ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид, ки дар он аъзоёни гурӯҳи корӣ низ иштирок намуданд.

 
28.10.2022 10:58

ШОИРИ АШЪОРИ ДИЛНИШИН

Тибқи нақша - чорабиниҳои Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи 28 октябри соли 2022 дар донишгоҳ маҳфили илмӣ – адабӣ бо унвони “Хирадмандон” барпо гардид. Ба маҳфили навбатӣ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муовини сармуҳаррири  маҷалаи миллии адабии “Садои Шарқ” Давлати Раҳмониён даъват гардида буд, ки ӯ миёни аҳли каломи маъонӣ соҳиби ҷойгоҳи хоссаи хеш буда, ашъораш миёни соҳибдилон ҳанӯз аз оғози садаи нав мавриди баҳсу гузоришҳои аҳли илму фазл  қарор гирифтааст. 

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ