• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
01.05.2021 10:25

 

ОМӮЗГОРОН СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ГАРДИДАНД

9.JPG - 196.57 KbСанаи 29.04.2021 дар маркази  захиравии забони англисӣ маросими хатми курси такмили ихтисос, ки аз тарафи Елис Бритон-омӯзгори соҳибзабон тариқи маҷозӣ (онлайн), барои 13 омӯзгори факултети забони англисӣ ва 2 нафар омӯзгори кафедраи забони англисӣ ҳамчун ихтисоси дуюм дарс мегуфт, баргузор гардид. Дар маросими шаҳодатномасупорӣ тариқи маҷозӣ бо воситаи барномаи “ZOOM”  Ҷейс Ливингстон-директори бахши маорифи Сафоратхонаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тахмина Ниязова ассистент, Елис Бритен омӯзгори  соҳибзабон ва  Гулчеҳра Очилова-координатори маркази захирвии забони англисӣ аз тарафи Сафоратхонаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

 
01.05.2021 10:00

 

МИРЗО ТУРСУНЗОДА – ВАССОФИ СУЛҲУ ДӮСТӢ

1.JPG - 154.29 KbТаҳти ҳамин унвон санаи 30-юми апрели соли 2021 дар толори бинои асосӣ, бо ташаббуси кафедраи назария ва таърихи адабиёти факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба 110-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири маҳбуб Мирзо Турсунзода бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Чорабиниро нахуст муовини якум, муовини аввали ректор оид ба корҳои таълим н.и.ф., дотсент Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович ҳусни оғоз бахшидаву доир ба ҳаёту эҷодиёт ва фаъолияти шоир Мирзо Турсунзода суханронӣ намуд.

 
01.05.2021 07:05

 

ШАНБЕГИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

6.JPG - 193.01 KbСубҳи 1-уми майи соли 2021 бо иштироки омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид. Шанбегии мазкур дар асоси нақша – чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи меҳнаткашон” ва ҳамчунин саҳм гузоштан дар тозагиву ободонии пойтахти азизамон, Душанбешаҳр мебошад. Бояд ггуфт, ки ин шанбегӣ дар атроф ва роҳравҳои донишгоҳ дохил ва беруни донишгоҳ, боғи фарҳангии ба номи Аҳмади Дониш, инчунин атрофи кӯчаҳои соҳилии шаҳри Душанбе гузаронида шуд.

 
01.05.2021 06:57

 

ФЕСТИВАЛИ ШАҲРИИ “САД   РАНГИ   ЧАКАН”

4.JPG - 352.80 Kb

Шоми 29-уми апрели соли 2021, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар муассисаи давлатии фарҳангӣ-фароғатии амфитеатри “Аҳорун” фестивали шаҳрии “Сад ранги чакан” дар доираи эълон гардидани солҳои “2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо иштироки сохтору мақомот, омӯзгорон  ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои олӣ ва миёнаи ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид. Нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода бо суханронии пурмӯҳтаво ба фестивал ҳусни оғоз бахшид. Дар идома гурӯҳи гулдухтарони чаканпӯш чакандӯзиҳои мероси ниёкониамонро ба намоиш гузоштанд. Ҳамзамон, аз ҷониби сарояндагони маҳбуби кишвар рақсу сурудҳои зебое пешкаши ҳозирин гардид. Дар фарҷоми фестивал аз ҷониби мақомот ба як қатор кормандону омӯзгорони фаъол аз ҳисоби бонувон, ки дар таълиму тарбияи насли наврас нақши назаррас доранд, бо диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

 
01.05.2021 06:48

 

МАҲФИЛҲОИ МУБОҲИСАВИИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ

6.jpg - 97.50 Kb“Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин вазифадор карда мешавад, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот- аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва техналогияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад”

 
29.04.2021 23:57

 

Комиссияҳое, ки бо ташаббуси ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли низои мусаллаҳонаи 29 апрели соли 2021 дар минтақаҳои наздисарҳадии ҶТ ва ҶҚ рухдода, таъсис ёфтаанд, сабабҳо ва оқибатҳои ҳодисаро муҳокима карда, ба мувофиқа расиданд, ки даргириҳои мусаллаҳона қатъ карда шуда, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба ҷойҳои истиқомати доимӣ баргардонида шуда,  барои роҳ надодан ба ташаннӯҷ чора андешида шуда, гурӯҳи кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти иҷроия барои татбиқи пурраи тадбирҳои пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити мувофиқи мӯътадил барои раванди музокироти судманд ба манфиати ду халқ ва давлати дӯст ташкил карда шавад.

 
29.04.2021 19:43

 

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМӮЗГОР"

АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА НАТИҶАГИРӢ НАМУД

2.jpg - 101.31 KbСанаи 27-уми апрели соли 2021 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи дастуру супоришҳои Дастгоҳи Марказии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва барқияи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи якуми соли 2021 баргузор гардид. Дар маҷлиси ҷамъбастӣ Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода - раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, Ҷурахонзода Ҷумахон –муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҳомидзода Насимҷон - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Раҷабов Дилшод – муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, Давлатшо Каримов - котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” ва аъзоёни ташкилот иштирок доштанд.

 
28.04.2021 11:33

 

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ

“ТОҶИКИСТОН –ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” ДАР ДОНИШГОҲ

4.JPG - 280.66 KbРӯзи 27 – уми апрели соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бахшида ба “30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба хотири пайдо кардани истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани маҳорати касбӣ байни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ аз рӯи ду номинатсия, сарояндагӣ ва навозандагӣ баргузор гардид. Ҳайати комиссияи озмун аз мудири шуъбаи фарҳанги донишгоҳ Ашурова О.М., мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Абдураҳмонов М.С., муаллимони калони кафедраи назария ва методикаи тарбияи мусиқӣ-бадеӣ Нормаҳмедов О.О., Назаров Н. ва сармуттахасиси шуъбаи фарҳанги донишгоҳ Давлатзода М.Д.  иборат буданд,

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ