• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
05.11.2020 04:29
There are no translations available.

 

КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

215.JPG - 236.28 KbРӯзи 4-уми ноябри соли 2020 дар факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Конститутсия-бахтномаи миллати тоҷик» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, раиси Шӯрои кор бо духтарону занони донишгоҳ Саидова Гулхумор, декани факултети химия Муҳаммадсалим Усмонов, кураторони гурӯҳҳои академӣ ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Чорабинӣ  бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

 
05.11.2020 04:15
There are no translations available.

 

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ЭЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

207.JPG - 213.56 Kb4-уми ноябри соли 2020 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфренсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Коститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории миллӣ» бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд. Нахуст, мудири кафедраи ҳуқуқ н.и.т. Аламов Ҳалимҷон Неъматович конфренсияро ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи “Конститутсия санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ” маъруза кард. Сипас, декани факултет Ҳусейнов Аҳмадҷон ҳамаи иштирокчиёнро бахшида ба Рӯзи Конститутсия табрик намуда, афзуд, ки имрӯз аз қабули ин санади тақдирсоз 26 сол сипарӣ мешавад.

 
03.11.2020 11:15
There are no translations available.

 

ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

179.JPG - 113.30 KbРӯзи 3.11.2020 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ - фарҳангӣ бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид. Чорабиниро ректори донишгоҳ доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ифтитоҳ карда, ҳамаи ҳозиринро ба ин рӯзи хуҷаста табрик намуд. Сарвари донишгоҳ дар идомаи суханронии хеш афзуд, ки бо шарофати қабули ин санаи муҳими тақдирсоз чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистонро ҳамчун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

 
02.11.2020 15:38
There are no translations available.

 

“САД БАРГИ ҒАЗАЛ”-и КАМОЛ

174.jpg - 258.41 KbРӯзи 02.11.2020 бо ташаббуси кафедраи забонҳои шарқ ва кафедраи методикаи таълими забони англисии факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикситон ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар бахшида, ба 700 - солагии шоири ширинкаломи тоҷик Камоли Хуҷандӣ таҳти унвони “Сад барги ғазал-и Камол” доир гардид. Дар чорабинӣ, донишҷӯёни соли 2-юм ва 3 – юми факултет баромад намуда, зикр карданд, ки асоси эҷодиёти ин шоири ширинсуханро ғазал ташкил дода, мавзӯҳои ғазалиёти ӯро инсондӯстиву раҳму шафқат, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва ишқи пок дар бар мегирад.

 
31.10.2020 03:21
There are no translations available.

 

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

30.10.2020 19:05, шаҳри Душанбе

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Шоҳи Нидерланд Уилям Александр зимни табрикоти худ овардааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Иҷозат фармоед, Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гӯям.

Ман бесаброна интизори идомаи кори муштаракамон дар мавриди рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла ба ҳайси ташкилкунандагони Конференсияи Даҳсолаи захираҳои оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023, ҳастам. Конференсияи мазкур ҷиҳати ба сатҳи бештар баландтар баровардани вазифаҳои хусусияти ҷаҳонидошта, барқарории муносиботи шарикии нав ва фановарӣ, дастгирии амалҳо оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои умумиҷаҳонии мо нисбати захираҳои об, имконияти нодирро фароҳам меоварад.

 
30.10.2020 07:35
There are no translations available.

 

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

30.10.2020 12:04, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои пурифтихор бо камоли эҳтиром ва муҳаббату садоқати фарзандӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон, ки рӯзи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиқоду бовари бузург зоҳир намуда, сарнавишти худ ва тақдири мамлакатро ба дӯши ман вогузор карданд, сипоси бепоён ва миннатдории самимӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, бо эҳтироми бениҳоят бузург изҳор медорам, ки ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус рӯҳу нерӯи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам мегузоштам.

Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд.

 
30.10.2020 06:16
There are no translations available.

 

 

 

ТАМОШОИ МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНӢ

ДАР ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

152.JPG - 199.49 Kb

 

Субҳи имрӯз, аз соати 9:00 маросими савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашта, мустақиман тавассути ҳама шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пахш гашта истодааст.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ