• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
01.10.2020 05:46

 

ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В КОНКУРСНОМ ОТБОРЕ

МЕСТНОГО КОНСУЛЬТАНТА

 

15.bmp - 1.52 Mb

 

Республика Таджикистан.

Проект «Развития высшего образования».

Окно 1. Улучшение качества и актуальности высшего образования для рынка труда

Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни

 
30.09.2020 07:11

 

СОАТЕ БО МАВЛОНО...

(Гузориш аз маҳфили илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Мавлоно дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ)

 

88.JPG - 203.12 Kb

Ҳамасола 30-юми сентябр дар кишвар рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) таҷлил карда мешавад. Бинобар ин субҳи имрӯз дар толори шӯрои олимони факултети филологияи тоҷик чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Соате бо Мавлоно» баргузор гардид. Дар ин чорабинии илмӣ-фарҳангӣ ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода ва устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.

 
26.09.2020 04:31

 

Китоб шамъест, ки дилро мефурӯзад


82.JPG - 246.36 Kb

Имрӯз дар саҳни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри Муассиаи нашриявии «Адиб» баргузор гардид, ки дар он Ректори донишгоҳ муҳтарам Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо ва дигар устодону донишҷӯён ва дӯстдорони сухани волои осори адибони бузурги  адабиёти илмиву бадеӣ иштирок доштанд.

Мавриди зикр аст, ки  намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашрро директори  Муассиаи нашриявии «Адиб» Давлат Сафар, ки хатмкардаи факултети химияи  ҳамин донишгоҳ мебошад, раҳбарӣ мекард. Мавсуф бо ректори донишгоҳ аз синфхонаҳои таълимии факултети химия дидан намуда, ёдовар шуд, ки шеърҳои аввалини эҷоднамудаи ӯ  маҳз дар ана ҳамин синфхонаҳо сурат гирифтааст.

 
25.09.2020 07:03


НАҚШИ ОИЛА ДАР РАВАНДИ ТАШАККУЛЁБИИ ФАРҲАНГУ МИЛЛАТ


71.JPG - 256.67 KbИмрӯз дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои банди 4-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, ки он бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 28-уми октябри соли 2010, №559-5 тасдиқ гардидааст, семинари машваратӣ-омӯзишӣ бо иштироки мутахассисон ва донишҷӯён дар мавзӯи “Нақши оила дар раванди ташаккулёбии фарҳангу миллат” баргузор гардид.

 
25.09.2020 04:33

 

САТТОР ҚУВВАТОВ – ҚУВВАТИ ДИЛИ НОШУНАВОЁН


51.JPG - 190.86 Kb24 уми сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси факултети психология ва таҳсилоти фарогир дар ошёнаи сеюми бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Забони ишора ҳамчун раванди рушди тафаккури кӯдакони ношунаво ва нақши он дар илми забоншиносии муосир” бахшида ба рӯзи байналмилалии ношӯнавоён ва фаъолияти 30 солаи мутахассиси варзидаи соҳаи сурдопедагогика дар даврони Истиқлолият, раиси Маркази рушди забони ишора ва таълими ношунавоён, омӯзгори калони кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир, Қувватов Саттор баргузор гардид.

 
24.09.2020 04:10

 

Барномаи ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеа

(Мулоҳизаҳо оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон)

 

Мусалламан дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадҳо ба ин мансаб барномаҳои пешазинтихоботии худро пешниҳод мекунанд. Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо тақозои равандҳои ҷомеаи муосир, дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда таҳия гардида, тамоми масъалаҳои мубрами ҷомеаро дар худ ғунҷонидааст. Он аз ҳафт банд иорат буда, аз амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ ва масоили иқтисодӣ оғоз мегардад. Ин бесабаб нест, зеро рушди ҳар кишвар ба иқтидори иқтисоди он марбут аст. Дар ҳафт соли охир ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда,суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ ба ҳафт фоиз баробар шуд, ки ин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолии мамалакат аз панҷ ҳазор сомонии соли 2013 ба 8,8 ҳазор сомонӣ дар соли 2020 расонида шуд. Дар ҳафт соли охир зиёда аз 1200 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳамасола 150 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд ва шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 50 фоиз кам гардид. Далелҳо шоҳиди онанд, ки иқтисоди мамлакат давра ба давра рушд мекунад ва Тоҷикистон ба давраи нави рушди иқтисодӣ ворид мегардад.

 
23.09.2020 07:36

 

 

ЭЪЛОН!

 

50.JPG - 241.43 KbШуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетитории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси шартнома қабули шунавандагонро ба курсҳои шашмоҳаи  тайёрӣ аз рӯи кластерҳои ихтисосҳои  зерин дар соли таҳсили 2020-2021 эълон менамояд:

1.   Кластери ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ;

2.   Кластери ихтисосҳои иқтисодӣ ва география;

3.   Кластери ихтисосҳои филология, педагогика ва санъат;

 
22.09.2020 12:32

 

РӮДАКӢ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ Ӯ...

49.JPG - 201.34 KbБоиси ифтихор аст, ки ҳамасола 22 сентябр дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи Сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик одамуш-шу-арро, устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат имрӯз бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷик чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони "Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ... таҷлил гардид. Дар чорабинӣ устодону меҳмонони олиқадр ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ