• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
14.09.2020 10:52

 

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ

 

104.png - 223.14 Kb14.09.2020 11:36, ноҳияи Мастчоҳ

Дар шаҳраки Бӯстон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳро, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба таври замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ҳархелаи мавсимӣ оро дода шудааст, ки ба ҳусни шаҳраки Бӯстон зебогии дигар зам мекунад.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ аз 5 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, дар он беҳтарин шароит барои кормандон фароҳам оварда шудааст.

 
14.09.2020 10:49

 

Ба истифода додани Маркази адлия дар ноҳияи Мастчоҳ

 

103.png - 227.65 Kb14.09.2020 11:30, ноҳияи Мастчоҳ

Дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 875 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бино дорои 12 утоқи корӣ, толори ақди никоҳ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон аст.

Утоқҳои бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонидашуда дар ошёнаи якуми бино барои кормандони Идораи нотариалии давлатӣ пешбинӣ гардидаанд.

 
14.09.2020 10:46

 

Боздид аз фермаи асп ва чорвои калони шохдор дар ноҳияи Мастчоҳ

 

102.png - 258.07 Kb14.09.2020 11:29, ноҳияи Мастчоҳ

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ аз фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” боздид ба амал оварданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар  фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” беш аз 200 сар чорвои калони шохдор, 560 сар моли майда, 25 сар асп, 6 шутур, 12 шутурмурғ ва 10 ҳазор  сар мурғи гуштӣ парвариш карда мешавад.

Фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” солҳои дароз фаъолият намекард ва он имрӯз бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Устосафар Олимов пурра навсозӣ шуда, ҳамчун комплекси замонавии чорводорӣ ва асппарварӣ фаъолияти худро пеш мебарад.

 
14.09.2020 10:43

 

Тақдими тӯхфаҳо ба ятимон дар тарабхонаи “Бустон”-и ноҳияи Мастчоҳ

 

101.png - 202.64 Kb14.09.2020 11:28, ноҳияи Мастчоҳ

14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳ кардани бинои кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” дар ноҳияи Мастчоҳ дар  тарабхонаи “Бӯстон” бо ятимон мулоқоту сӯҳбати самимӣ анҷом доданд.

Тибқи иттилоъ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 1173 нафар ятим ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 24 нафарашон ятими кул мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст  ятимонро ба ҷашни умумимиллӣ - 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо барои идомаи таҳсил ва дар оянда омӯхтани илму дониш, махсусан забонҳои хориҷӣ, технологияи замони муосир ва касбу ҳунар  ҳидоят намуданд, зеро ояндаи давлат ва миллат дар дасти ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва донишманду бозаковат мебошад.

 
14.09.2020 10:40

 

Ифтитоҳи кӯдакистони “Ваҳдат” дар ноҳияи Мастчоҳ

 

100.png - 235.30 Kb14.09.2020 11:24, ноҳияи Мастчоҳ

14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ-шаҳраки Бӯстон кӯдакистони хусусии “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои нави  кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” дуошёна буда, бо унсури миллӣ ва муосир бунёд гардидааст.

Муассисаи хусусии томактабӣ дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов сохта шудааст.

Бо назардошти ҳуҷраҳои таълимию фароғатӣ ва мувофиқи стандарти таълим дар кӯдакистон имкон аст, ҳамарӯза қариб 200 нафар кӯдаки хуштолеъи даврони соҳибистиқлол ба таълиму тарбия фаро гирифта шавад.

 
14.09.2020 10:36

 

Ба истифода додани корхонаи коркарди шири ҶДММ “Нури Сафар” дар ноҳияи Мастчоҳ

99.png - 193.38 Kb14.09.2020 11:21, ноҳияи Мастчоҳ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ба корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Сафар” ташриф оварда, бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшиданд.

Корхонаи коркарди шири “Нури Сафар” филиали Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи “Комбинати шири Душанбе” дар ноҳияи Мастчоҳ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бунёди корхонаи истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос карданд.

Масоҳати умумии иншоот 2 гектарро дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизот моҳи апрели соли 2019 оғоз гардидааст. Барои иҷрои босифати корҳои бунёдӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шуданд. Корхонаи коркарди шир дорои ду бинои асосӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

 
14.09.2020 10:32

 

Боздид аз ҷамъоварии чормағзи заминӣ, кишти такрорӣ ва намоиши

маҳсулоти кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Резгиф”-и ноҳияи Мастчоҳ

 

98.png - 201.93 Kb14.09.2020 09:26, ноҳияи Мастчоҳ

14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ, кишти такрорӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Резгиф”-и деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ шинос шуданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи аҳли заҳмати ноҳияи Мастчоҳ дидан карданд. Номгӯи зиёди сабзавоту полезӣ ва меваҷоти тару тозаи табиӣ ба намоиш гузошта шуд.

Кишоварзони ноҳия маҳсулоти истеҳсолнамудаи худ, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, помидору бодиринг, қаланфури булғорӣ, бойимҷон, тарбузу харбуза, себу нок, ангуру шафтолуро ба маъраз гузоштанд.

 
14.09.2020 10:26

 

Ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии

рақами 42 дар маҳаллаи Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ

97.png - 220.03 Kb14.09.2020 08:28, ноҳияи Мастчоҳ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ифтитоҳ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни иншооти навбунёд бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи таълимии замонавӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Мактаби мазкур барои 1200 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, омӯзгорони соҳибтаҷриба ба хонандагон дарс мегӯянд. Ин муассисаи таълимӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 24 синфхонаи барҳавои таълимӣ, аз ҷумла кабинетҳои фаннии кимиё, физика, математика, биология, табиатшиносӣ, география, озмоишгоҳҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ