• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
14.09.2020 10:26
There are no translations available.

 

Ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии

рақами 42 дар маҳаллаи Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ

97.png - 220.03 Kb14.09.2020 08:28, ноҳияи Мастчоҳ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ифтитоҳ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни иншооти навбунёд бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи таълимии замонавӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Мактаби мазкур барои 1200 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, омӯзгорони соҳибтаҷриба ба хонандагон дарс мегӯянд. Ин муассисаи таълимӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 24 синфхонаи барҳавои таълимӣ, аз ҷумла кабинетҳои фаннии кимиё, физика, математика, биология, табиатшиносӣ, география, озмоишгоҳҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

 
14.09.2020 10:19
There are no translations available.

 

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ва ифтитоҳи

Корхонаи чӯҷабарории “Суғдиён-Свердловск”

96.png - 196.15 Kb14.09.2020 08:20, ноҳияи Мастчоҳ

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварданд.

Сокинони сарбаланду меҳнатқарини ноҳия Пешвои муаззами миллатро самимона истиқбол гирифтанд.

Ҳадаф аз ташрифи Сарвари давлат ба ноҳияи Мастчоҳ шиносоӣ бо шароити  зиндагии сокинон, ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия мебошад.

Пешвои миллат нахуст дар шаҳраки Суғдиён корхонаи чӯҷабарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдиён-Свердловск”-ро ба истифода доданд.

 
13.09.2020 16:28
There are no translations available.

 

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва оғоз бахшидан

ба маъракаи чиниши пахта дар хоҷагии ёрирасони ҶСК “Ҷасур”-и ноҳияи Зафаробод

 

95.png - 226.26 Kb13.09.2020 09:50, ноҳияи Зафаробод

Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, дар хоҷагии ёрирасони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Ҷасур” ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд.

Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дастранҷи аҳли заҳмат ва ҳунармандони ноҳия ба таври васеъ муаррифӣ карда шуд.

 
13.09.2020 16:24
There are no translations available.

 

Ифтитоҳи марҳилаи аввали фермаи парандапарварии ҶСК “Ҷасур” дар ноҳияи Зафаробод

 

94.png - 215.02 Kb13.09.2020 09:10, ноҳияи Зафаробод

13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Зафаробод ҳамчунин ба фаъолияти марҳилаи аввали фермаи парандапарварии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ҷасур” дар шаҳраки Зафаробод оғози расмӣ бахшиданд.

Дар фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ҷасур” парвариши чӯҷаҳои зоти бройлерӣ, ки танҳо барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мебошанд, ба роҳ монда шудааст.

Чӯҷаҳо барои парвариш аз шаҳри Хуҷанд дастрас гардида, давоми 40 рӯз ба ҳисоби миёна аз 2,5 то 3 килограмм вазн мегиранд ва барои пешниҳод ба бозор омода мегарданд.

 
13.09.2020 16:21
There are no translations available.

 

Ба истифода додани маҷмааи хизматрасонии “Ваҳдат”

дар ноҳияи Зафаробод ва тақдими тӯҳфа ба 40 нафар ятим

 

93.png - 189.68 Kb13.09.2020 09:08, ноҳияи Зафаробод

13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд маҷмааи хизматрасонии “Ваҳдат”-ро, ки аз тарафи соҳибкори ҷавон Дилшод Раҳматуллоев бо дастгирӣ ва маслиҳати падараш дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст, ба истифода доданд.

Корҳои сохтмони иншооти мазкур 10 - сентябри соли 2019 оғоз гардида, он дар муддати як сол бо ҷалби сохтмончиёну мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯйи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом пазируфт.

 
13.09.2020 16:18
There are no translations available.

 

Ифтитоҳи Корхонаи коркардаи шири ҶДММ “Шири Зафаробод” дар ноҳияи Зафаробод

 

92.png - 231.67 Kb13.09.2020 09:07, ноҳияи Зафаробод

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Зафаробод”-ро мавриди истифода қарор дода, аз намоиши истеҳсолии корхона дидан намуданд.

Дар ин корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, кефири мевагӣ, дуғу дуғоб ва маска ба роҳ монда шудааст.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар ноҳияи Зафаробод дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Наврӯз Комилов бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар сохта шуда, бо хатҳои муосири истеҳсолӣ таъмин гардидааст.

 
13.09.2020 16:14
There are no translations available.

 

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Зафаробод ва ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатии “Диёр”

 

91.png - 217.83 Kb13.09.2020 09:07, ноҳияи Зафаробод

13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварданд.

Ноҳияи Зафаробод дар даврони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастгирию таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ҳамаҷониба рушд намуда, сатҳу сифати зиндагии сокинонаш дар заминаи татбиқи барномаҳои гуногуни давлатӣ ва амалисозии тадбирҳои созандагию ободонӣ бамаротиб беҳтару хубтар гардидааст.

Бояд таъкид кард, ки сафарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо назардошти риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ сурат гирифта, ҳамчунин Роҳбари давлат аз  дигар масъулин талаб менамоянд то меъёрҳои муқарраргардида ба хотири пешгирӣ аз сироятёбиву паҳншавии бемории Ковид-19 ҳамаҷониба иҷро карда шавад.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ