• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Thursday, 09 April 2020 09:39
There are no translations available.

Баҳоро, навбаҳорӣ кун, зимистон рафт, медонӣ?!

175.jpg - 187.17 KbДар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ду рӯз қабл алвонҷи гулшукуфиву сабзбаҳориҳо ривоҷи тоза доштанд, вале ба ҳукми тақдир пас аз бориши борони пуршиддати баҳорӣ таназзули барф ғайричашмдошт ба назар расид, ки ин ҳолат, вобаста ба маҳалҳо тақрибан ба соати 21:00 санаи 08.04.2020 рост меомад.

 
Thursday, 09 April 2020 09:21
There are no translations available.

 

ЁДЕ АЗ ДӮСТ

168.JPG - 1.04 MbРаҳимӣ Хизру Мӯсои замон буд,

Раҳимӣ дар ҷаҳон худ як ҷаҳон буд.

Зи одам зода буду буд одам,

Раҳимӣ одамиро ҷони ҷон буд.

Даме олим, даме шоир, даме дӯст,

Раҳимӣ лоиқи сад ину он буд.

Раҳимӣ дар миёни ҷумла ёрон,

Азизу меҳрубону нуктадон буд.

Ҳазор афсӯс аз марги чунин дӯст,

Ки ӯ пур орзу буду ҷавон буд.

 
Monday, 06 April 2020 07:53
There are no translations available.

 

ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В КОНКУРСНОМ ОТБОРЕ

МЕСТНЫХ КОНСУЛЬТАНТОВ

 

5.bmp - 1.52 MbРеспублика Таджикистан.

Проект «Развития высшего образования».

Окно 1. Улучшение качества и актуальности высшего образования для рынка труда

Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни

 

 

Контракт: Услуга местных консультантов (рабочая группа

второго компонента)

Номер Контракта:  ТГПУ/IC/02

Дата: 06 апреля 2020 г.

 
Monday, 06 April 2020 12:06
There are no translations available.

 

НИСБАТ БА САЛОМАТӢ БЕПАРВО НАБОШЕМ!

167.jpg - 77.58 KbДар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз санаи 3-юми апрели соли 2020 бо фармоиши ректори донишгоҳ нақшаи чорабиниҳои ситоди дохилидонишгоҳӣ дар бораи роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳиву пешгирӣ аз паҳншавии касалии сироятии коронавируси СOVID-2019 ба тасвиб расида, масъулин чораҳои амалиро дар самти мазкур роҳандозӣ намуда истодааанд.

Ҷаласаи ғайринавбатии раёсати донишгоҳ вобаста ба тартиб ва риояи ҳолатҳои санитариву гигиенӣ ва пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус санаи 6-юми апрели соли 2020 дар толори шӯрои олимон доир гардид.

 
Saturday, 04 April 2020 10:42
There are no translations available.

 

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ - ОМИЛИ РУШД

157.jpg - 256.72 KbИмрӯз санаи 4-уми апрели соли 2020 дар толори шӯрои олимони донишгоҳ вохӯрии судманд бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур Шодком Турсунзода - муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони раёсати донишгоҳ, деканон, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ширкат намуданд.

Нуъмонҷон Ғаффорӣ – ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих профессор зимни ифтитоҳи вохӯрии мазкур иброз дошт, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест ва дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем.

 
Wednesday, 01 April 2020 07:49
There are no translations available.

 

ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В ТОРГАХ

 

4.bmp - 1.46 MbРеспублика Таджикистан

Проект развития высшего образования

Окно 2. Оказание поддержки студентов женского пола.

Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни

 

 

Контракт: Закупка оборудования и материалы для бытовых помещений

Номер Контракта:   ТГПУ/SH/03

Контракт: Закупка материалов для проведения языковых и компьютерных курсов

Номер Контракта:   ТГПУ/SH/04

Дата: 01 апреля 2020 г.

 
Wednesday, 01 April 2020 11:11
There are no translations available.

 

Ягона калиде, ки метавонад, дари

ҳамаи мушкилотҳоро кушояд-ин  забон аст

 

НАШРИ МАҶМӮАИ ИЛМӢ РОҶЕЪ БА ТАЪЛИМИ
ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

 

146.jpg - 284.27 KbСанаи 30-юми марти соли 2020, бо ташаббуси садорати факултаи забони англисӣ дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ бахшида ба 80-солагии таъсисёбии факултаи забонҳои хориҷӣ конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои олии касбӣ ” доир гардид.

Ҳамоиши ҷумҳуриявиро Нуъмонҷон Ғаффорӣ - ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки масоили методии таълим, усулҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз масъалаҳои асосии ҷомеа буда, таъмини кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбидошта дар макотиби олии кишвар аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

 


Page 165 of 306
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в