• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Sunday, 13 October 2019 10:05
There are no translations available.

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон

13.10.2019 08:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Тамоми сокинони мамлакатро ба ифтихори ҷашни Меҳргон, ки мисли Наврӯз ва Сада аз ҷумлаи ҷашнҳои бостонии халқамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Ҷашни Меҳргон ҳамчун ойини бисёр бостонӣ мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз ба сифати яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад.

Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расонидаанд.

http://www.prezident.tj/node/21608

 
Friday, 11 October 2019 03:30
There are no translations available.

Мо зидди тероризму экстремизм!

IMG_9787.JPG - 68.70 KbСанаи 11-уми октябри соли ҷорӣ дар факултети забони англисӣ  бо ибтикори омӯзгори ҳамин факултет  Мустафо Назриев мизи мудаввар таҳти унвони «Мавқеи Тоҷикистон дар пешгирии паҳншавии терроризм ва экстремизм» баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни факултети мазкур  иштирок намуданд.

 
Thursday, 10 October 2019 10:53
There are no translations available.

 

РӮЗИ ФАЛАК


"Шашмақом ва Фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошанд, ки аз қаъри асрҳо то

замони мо ҳамчун мусиқии классики халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти мо ёдгор мондаанд."

(Эмомалӣ Раҳмон)

IMG_9738.JPG - 95.14 KbФалак жанри мусиқии қадимаи халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фалак” мақоми шоистаро соҳиб гардид. Барои ҳифзи мероси қадима бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2007 инҷониб иди “Рӯзи Фалак” баргузор мегардад.

 
Thursday, 10 October 2019 08:11
There are no translations available.

 

«Пешгирии бемории ВНМО/БПНМ миёни ҷавонон – омили асосии солимии миллат»

4.jpg - 213.25 KbБо мақсади ба донишҷӯён додани маълумоти бештар оиди бемории ВНМО/БПНМО вазъи эпидемиологӣ, роҳҳои пешгирӣ ва омилҳои гузариш, ташхис ва чорабиниҳо оид ба пешгирии  вирусҳои сирояткунанда, баланд бардоштани маърифати оиладории духтарон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим,  санаи 9  октябри  соли 2019  дар толори  ДДОТ ба номи С. Айнӣ қисми тарбия, бахши кор бо духтарону занон ва шурои кураторон бо иштироки Алматов Абдуғаффор - муовини директори Маркази саломатии   муассисаи №8,

 
Wednesday, 09 October 2019 11:26
There are no translations available.

 

Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии

занону ҷавондухтарон-омили рушди суботи ҷомеа

(Форуми ҷумҳуриявӣ)

IMG_9610.JPG - 97.09 KbДар санаи 09.10.2019 дар муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон-омили рушди суботи ҷомеа" бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва баланд бардоштани нақши занону ҷавондухтарон дар ҷомеа, баргузор гардид.

 
Saturday, 05 October 2019 10:41
There are no translations available.

 

ЗАБОН – ҲАСТИИ МИЛЛАТ

(дарси кушод)

IMG_9290.JPG - 80.96 KbДар таърихи 05.10. 2019 вобаста ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иҷрокунандаи мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик устод Х. Раҳимов  дарси кушод гузаронида шуд. Дарс аз фанни таълими забони адабии ҳозираи тоҷик буда, дар мавзӯи «Забони адабӣ ва нишонаҳои он» доир гардид.

Иштироки  хонандагон  дар курси 1 таҳсилоти  ибтидоӣ  (тоҷикӣ) 95 % ташкил дод. Дар дарси кушод декани факултет М.Мадатзода, дотсентон Бегимов Ҳ., Тураев Ё., Раҷабов Т., А. Ғаффоров  ширкат намуданд. Дарс дар сатҳи баланд баргузор шуда ҷабҳаи таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ дошт.

 
Saturday, 05 October 2019 05:43
There are no translations available.

 

Омӯзгор - тарбиятгари насли наврас

IMG_9309.JPG - 90.48 KbДар санаи 5. 10. 2019 дар факултети забони англисӣ  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки декани факултет, дотсент Баротзода Файзиддин, муовинони декан, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва донишҷӯёни курси якуми ихтисоси англисӣ-кореягӣ ва англисӣ – хитоӣ чорабини фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзӣ омӯзгорон” баргузор гардид.

 


Page 178 of 309
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в