• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
There are no translations available.

 

Либоси миллӣ ифтихори ман

photo 390.jpg - 123.62 KbБо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати  миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва ҷойгоҳи занон дар ҷомеа баланд гардид. Дар замони ҷаҳонишавӣ, омезиши фарҳангҳо ва ҳифзи фарҳанги миллӣ бахусус тарзи ба бар намудани либосҳои миллии тоҷикӣ аҳамият ва таваҷҷӯҳи хосаро тақозо мекунад.

 
There are no translations available.

Ҷаласаҳои навбатии бахшҳои конференсия дар донишгоҳ

photo 383.jpg - 5.65 MbҶаласаҳои навбатии бахшҳои конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва  донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, ки бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия дар доираи «Ҳафтаи илм» ва бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021)» зери унвони «Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа», ки санаи 16-уми апрели соли  ҷорӣ  ба кори худ оғоз бахшида буд, идома ёфтанд.

 
There are no translations available.

Идомаи конференция дар донишгоҳ

photo 376.jpg - 5.77 MbРӯзҳои 16-ум ва 17- уми апрели соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва  донишҷӯён, ки бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия дар доираи «Ҳафтаи илм» ва бахшида ба  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021)» зери унвони «Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа» оғоз ёфта, дар 8- бахш, ки  кори худро идома дод.

 
Thursday, 18 April 2019 06:30
There are no translations available.

 

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия

17.04.2019

photo 368.jpg - 35.48 Kb

17 апрел мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Россия дар Қасри Кремл баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсия Россия Владимир Путин истиқбол гирифтанд. Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Россия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва сипас дар вохурии ҳайтаҳои васеъи ҳар ду ҷониб баррасӣ гардид. Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуд, ки натиҷаҳои ин сафар низ барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба Президент ва Ҳукумати Федератсияи Россия барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ, инчунин истиқболи самимӣ изҳори сипос карданд. Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳавасмандии устувори худро ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия таъкид намуданд.

http://www.president.tj/node/19884

 
Tuesday, 16 April 2019 05:35
There are no translations available.

Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа

photo 337.jpg - 101.94 KbДар санаи 16-уми апрели соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия дар доираи «Ҳафтаи илм» ва бахшида ба  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021)» конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯён, зери унвони «Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа» оғоз гардид. Конференсияро доктори илмҳои таърих, профессор, ректори донишгоҳ, Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла зикр намуданд,

 
Tuesday, 16 April 2019 10:59
There are no translations available.

Забони мо тоҷикист!

Бинобар пеш омадани зарурат ва боз доғ шудани баҳси забони модарӣ, мақолаи донишманди шинохтаи тоҷик  Иброҳим Усмонро таҳти номи “Баҳси алифбои тоҷикӣ”-ро ба нашр мерасонем, ки  ба доираҳои  иғвоангез ҷавоби мушаххаси илмӣ ва бунёдӣ додааст.

БАҲCИ  АЛИФБОИ ТОҶИКӢ

 
Monday, 15 April 2019 12:10
There are no translations available.

ТАҶЛИЛИ 141 - СОЛГАРДИ ЗОДРӮЗИ САРДАФТАРИ

АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК САДРИДДИН АЙНӢ

 

photo 331.jpg - 109.83 KbРаёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар робита ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар санаи 15-уми апрели соли 2019 ба хотири шод намудани руҳи устод бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Н.У. Ғаффорӣ дар назди нимпайкараи шоир, ки дар назди бинои асосии донишгоҳ қомат афрохтааст, гулчамбар гузоштанд.

Сипас бо ташаббуси Раёсати донишгоҳ ва садорати факултети филологияи тоҷик

 


Page 194 of 305
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в