• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Monday, 11 March 2019 10:23
There are no translations available.

10:41, 2 мартаАвтор: Александр Хайзер, председатель Германо-Таджикского общества, специально для Asia-Plus

Немецкие журналисты выразили заинтересованность в освещении туристических возможностей Таджикистана в СМИ Германии

 
Saturday, 09 March 2019 05:42
There are no translations available.

Нишасти матбуотии физикон

00000000000001.jpg - 63.26 KbСанаи 4 - уми марти соли 2019 дар  кафедраи «Методикаи таълими физика»-и Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили фаннӣ таҳти унвони «Нишасти матбуотии  физикон» бо ибтикори магистри кафедра Бутаева Г.Т. бахшида ба Рӯзи модар баргузор гардид. Маҳфили мазкурро муаллими калони кафедраи «Методикаи таълими физика» Бобониёзова Г. А. оғоз намуд.Дар чорабинӣ мудири кафедраи «Методикаи таълими физика» Умаров У. С., муовини декани факултет оид ба корҳои таълимӣ Исмонов Ф.,мудири кафедраи

 
Thursday, 07 March 2019 05:11
There are no translations available.

Модар - олиҳаи зиндагӣ

0000000000001.jpg - 66.34 KbСанаи  6-уми марти соли 2019 дар толори бинои асосӣ бо ибтикори факултети  химия чорабинии идона бахшида ба Рӯзи модар зери унвони «Модар - олиҳаи зиндагӣ» баргузор гардид. Дар чорабинӣ декани факултет Умонов М, омӯзгорони факултет, намояндаи шуъбаи тарбия Иброҳимов Қ.  ва донишҷӯёни факултет  иштирок намуданд. Барномаи чорабинӣ масоили гуногунро, ки ҷиҳатҳои тарбиявӣ ва фарҳангӣ доштанд дар бар мегирифт. Дар барнома суҳанрониҳо дар мавзуи бузургии модар, олиҳаи покӣ, некӣ ва зебоӣ будани он садо доданд,

 
Wednesday, 06 March 2019 10:02
There are no translations available.

Таҷлили Рӯзи модар

01-01-2019.jpg - 6.66 MbДар санаи 5-уми марти соли 2019 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон   ба номи С. Айнӣ чорабинии идона бахшида ба Рӯзи модар таҳти унвони «Модар- биҳишти орзуҳост» баргузор гардид. Чорабиниро Ректори  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба муносибати Иди модарон, ки ҳамасола дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд, табрику муборакбод гуфт.

 
Wednesday, 06 March 2019 06:40
There are no translations available.

Хабари сомонаи «payom.net», аз 5.03 2019, бо сарлавҳаи «Дар НБО Роғун садама рух додааст?» пурра дурӯғ ва иғвоангез буда, як кушиши соддалавҳона бобати паст задани обруи кишвари мо ва бунёдкориҳои азим дар он ба шумор меравад.

Муаллиф чунон ноогоҳ ва аз ҳақиқати воқеӣ дур аст, ки дар назари ӯ менамояд, гӯё як нерӯгоҳи алоҳида як минтақаи алоҳидаро бо барқ таъмин мекарда бошад. Масалан, ӯ менависад: «Тибқи маълумоти дарёфтӣ масъулин ваъда доданд, ки имрӯз 5 март то соати 16-00 вақти маҳаллӣ мушкили ба миён омада бартараф хоҳад шуд. Аммо ин, ки то он замон чарха аз нав ба кор медарояд ё водии Қаротегинро аз нав ба НБО Норак пайваст мекунанд, маълумоте ба даст нест». Аз ин навишта бар меояд ки муаллиф гумон мекунад водии Қаротегин гӯё аз НБО Роғун барқ мегирифта бошад. Муаллифи соддалавҳ ҳатто намедонад, ки тамоми нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ба системаи ягонаи энергетикӣ пайвастанд ва тавассути ин система ба ҳамаи минтақаҳо барқ интиқол дода мешавад.

Сарлавҳаи мавод «Дар НБО Роғун садама рух додааст?», ки бо аломати савол навишта шудааст низ як кушиши ба роҳгумӣ андохтани ҷомеа ё аз гӯшаи орзуҳои амалинашавандаи душманони миллати тоҷик аст. Аввалаш, ки дар Роғун ягон садама рух надодааст, баъдан овардани тахминҳои ҳавоии «шикастани таҷҳизот» ё «чаппа васл кардани он» барои онҳое, ки андаке аз соҳаи энергетика ва сохтмонҳои энергетикӣ огоҳанд, хандаовар аст ва кутоҳназарии муаллифро исбот месозад.

Бояд қайд кард, ки таъминоти барқи кишвар дар айни замон ба Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки танҳо агрегати якуми он ба истифода дода шудааст, ягон рабт ва вобастагие надорад.

Роғун масъалаи муҳимеро рӯнамоӣ кард. Дӯстро аз душман ҷудо кард. Ҳамон гуна, ки оппозитсия, ободии ин мулкро 27 сол пеш намехост ва мухолифи сарсахти сохтмони НБО «Роғун» буд, ҳоло ҳам дар зершуури ин тоифа ҳеҷ чиз тағйир наҳӯрдааст. Ин роҳгумкардаҳо душмани ашаддии Роғун боқӣ мемонанд. Аз баҳсу мунозираи кулӯху сангу банди эзор нараҳиданд, ки нараҳиданд.

Ҳоло, ки дар Ғарб гурӯҳакҳои фирории ошӯбгар ҷойгузин шудаанд, кӯшиш доранд, тасвири қалбакии мардуми моро ба чаҳониён вонамуд кунанд. Ин хиёнатманишӣ табиати азалии онҳо гаштааст. Мурғе пар занад, онро каргаси хунхор метарошанд. Фарёди булбулро зоғ мепиндоранд. Моҳигире барои дилхушӣ моҳичае гирифта бошад, онро наҳанг вонамуд мекунанд. Аз пашша фил месозанд. Ин таблиғоти зиддимиллӣ ҳар чи зудтар бояд қатъ карда шавад.

…Аз ҳамаи ин, метавон хулоса кард, ки маводи муғризонаи муаллиф як кушиши навбатии оҷизонаи ба роҳгумӣ андохтани ҷомеа мебошад. Вале он чунон беасос ва соддалавҳона аст, ки ба шаҳомату нусрати кишвари мо ва миллати бунёдкори мо заррае таъсир нахоҳад кард.

 

Нозир Ёдгорӣ,

мутахассис оид ба соҳаи энергетика

 
Tuesday, 05 March 2019 15:23
There are no translations available.

Вторая половина февраля для главарей террористическо-экстремистской организации "Партия исламского возрождения" (ТЭО "ПИВ") и курирующих ее зарубежных спецслужб навсегда запомнится эффектом шоково-энергетической встряски, вызванной паническим страхом разоблачения всей преступной схемы деятельности этой структуры. Причина этого кроется в добровольном возвращении на Родину и сдаче властям Шарафа Гадоева, заместителя председателя "Национального альянса Таджикистана" (НАТ).

 
Tuesday, 05 March 2019 12:09
There are no translations available.

Ҷашни  Рӯзи  модар

Дар санаи  4-уми  марти  соли  равон дар факултети  химия  бахшида  ба  “Рӯзӣ   Модар” чорабинии  фарҳангӣ  бо  як шукӯҳу  шаҳомати  хоса  таҷлил  гардид.Омӯзгорон ва  донишҷӯён   дар фазои  идона  ин  иди  фархундро таҷлил  намуданд.

 


Page 200 of 305
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в