• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
23.02.2019 08:10

Чорабинии тарбиявӣ

Санаи 22 феврали соли 2019, таҳти роҳбарии муаллими калони кафедраи «Методикаи таълими физика»-и ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Бобониёзова Г. А. магистри ҳамин кафедра Бутаева Г. Т. бахшида ба «26-солагии Рӯзи Артиши миллӣ» бо донишҷӯёни соли 3-юми ихтисоси физика-математика чорабинии тарбиявӣ баргузор намуд. Дар чорабинӣ мудири кафедраи «Методикаи таълими физика» Умаров У. С., муовини декан оид ба таълим Исмонов Ф., муовини декан оид ба тарбия Ниёзов С., мудири шӯъбаи магистратура Ахиева С., корманди раёсати илм ва инноватсия Абдуҷалилзода Ф. ва зиёда аз 50 нафар омӯзгорону донишҷӯён иштирок карданд. 

 
22.02.2019 09:54

Маҳфили «Сиёсатшиноси ҷавон»

Санаи 21-уми феврали соли 2019  дар факултети физика бахшида ба рӯзи 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-мубоҳисавии донишҷўён «Сиёсатшиноси ҷавон» баргузор гардид. Маҳфилро роҳбари он Толиб Амиров ифтитоҳ намуда, аъзоёни маҳфил ва устодонро бо рўзномаи он  шинос намуд. Баъдан сухан ба донишҷӯёни курси 4-уми факултет Ашурова Лола ва Шукуров Зубайдулло дода шуд.

 
22.02.2019 06:23

Олимпиадаи донишҷӯён дар факултети химия

Дар таърихи 19.02.2019 дар назди факултети химия даври навбатии олимпиадаи донишҷӯён баргузор гардид. Дар олимпиада 21 нафар донишҷӯён аз ихтисосҳои амалкунандаи факултетҳои химия ва биология иштирок варзиданд. Рафти олимпиадаро омӯзгорони унвондор ва ботаҷриба назорат карданд.

 
22.02.2019 05:40

Тартиби баррасии шикоятҳои лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо забони тоҷикӣ ва русӣ

бо забони тоҷикӣ PDF

бо забони русӣ PDF

 
22.02.2019 03:24

Наҳзат ва ормони қудрату салтанат

Муҳтавои матолиби матбуотию расонаии наҳзатӣ баёнгари онанд, ки ТТЭ ҲНИ дар масири салтанатхоҳӣ ва қудратталабӣ қадам мебардорад ва то имрўз орзуи барпо намудани давлати исломиро дар минтақа дар дил мепарварад. Ин орзу, чи дар хоб ва чи дар бедорӣ раҳбарияти наҳзатиро ҳамсафарӣ карда меояд ва масъулони  ин созмони худхоҳ ва ифротиро оқибат ба дараҳаи ҳунун  мерасонад.

 
21.02.2019 10:04

 

Олимпиадаи биологҳои ҷавон

Дар санаи 20-уми феврали соли 2019 дар факултети биологияи донишгоҳ даври сеюми олимпиадаи донишгоҳӣ аз фанни биологияи экологӣ  баргузор  гардид.  Дар он сараввал декани факултет Ғайратов М. суханронӣ намуда, иштирокчиёнро бо қоидаҳои гузаронидани олимпиада  шинос  кард ва ба онҳо бурдбориҳо орзӯ намуд.

 
20.02.2019 08:22

Терроризм ва экстремизм вабои аср дар ҷаҳони муосир

Терроризм ва экстремизм яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фарогирифтаву зиёда аз садхо  таъриф  барои мушаххас намудани он аз ҷониби олимон пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, ҳуқуқшиноси машҳурирус Л.А.Моджорян мегӯяд: «Терроризм амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон, барои расидан ба ҳадафҳояшон равона карда мешавад».

 
19.02.2019 06:02

Коммунистпарастии падару босмачигарии писар,  чӣ маъно дорад?

(Тадқиқоти журналистӣ «Оид ба озмоиши ахлоқии Салимпул бо тахаллуси «Ҷонона», масъули иттилоотии СПИИ дар Аврупои Шарқӣ»)

“Ҷонона”, лақаби тозаинтихоби Мирзо Салимпулро ин ҷо тасодуфан зикр накардаем. Ҳамин ҳоло, ки баҳсҳои муҳаррири сомонаи “Ахбор.ком”, гумоштаи собиқадори Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ-Мирзои Салимпурро дар шабакаи иҷтимоӣ мехонем, ҳамон “Ҷононае”, ки иддае аз ҳамкасбонаш ӯро бо ин лақаби маҳрамона ном мегиранд, пеши назарамон меояд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ