• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Friday, 04 May 2018 12:08
There are no translations available.

Маърифати ҳуқуқӣ ва риояи қонун

Дар ҳама давру замон асоси пешрафти  ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар будааст. Рушди бонизоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро бе мавҷудияти тартиботи ҷамъиятӣ дар дохили давлат тасаввур намудан ғайри имкон аст. Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ эҷоду таҳия ва қабули санадҳои

 
Monday, 23 April 2018 04:06
There are no translations available.

Таҷлили Рӯзи пойтахт дар Донишгоҳи омӯзгорӣ

Дар чорабинии бошукӯҳи маърифатӣ-фарҳангӣ, ки имрӯз, 21-уми апрел, ба ифтихори Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доир гардид, дастовардҳои тамоми факултаҳо ба маърази намоиш гузошта шуданд.

Китобҳои илмӣ, дастурҳои методӣ, монографияҳо, ихтирооти омӯзгорону донишҷӯён, диплому ҷомҳо ва дигар ҷоизаҳои арзишманд,

 
Saturday, 21 April 2018 07:59
There are no translations available.

Чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт

Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар саҳни хобгоҳи рақами 7-и донишгоҳ бо ширкати васеи истиқоматкунандагони хобгоҳҳои рақамҳои 2,3,6 ва 7 ҳамоиши фарҳангӣ барпо гардид.

Комендантҳо ва духтарон-донишҷӯён ҳамдигарро ба муносибати Рӯзи пойтахт таҳният гуфта, таманно карданд, ки шаҳри Душанбе ҳамеша чунин шукуфою ободон ва зеби дунё бимонад.

Гулдухтарон дар зери оҳангу таронаҳои ҷаззобу дилнишин хеле зебою мавзун бирақсиданд.

 
Saturday, 21 April 2018 07:43
There are no translations available.

Ширкати фаъолонаи омӯзгорону донишҷӯён дар Ниммарафон

Шумораи зиёди омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ҳисси баланди миллию ватандорӣ дар Ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки имрӯз, 21-уми апрел, ба ифтихори Рӯзи пойтахти Тоҷикистон баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд.

Чуноне иттилоъ доданд, имсол ба ин мусобиқот дар қатори давандаҳои машҳури Тоҷикистон инчунин варзишгарон аз 15 кишвари олам даъват карда шудаанд. Қобили зикр аст, ки Ниммарафони

 
Thursday, 19 April 2018 07:25
There are no translations available.

Садриддин Айнӣ  ва рисолати таърихии он

Дар таърихи 13 апрели соли 2018  дар факултети таърихи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ семинари  илмӣ – назариявӣ  бахшида ба 140- солагии зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид, ки дар он 97 нафар донишҷӯён ва 27 нафар устодони факултет иштирок доштанд.

Ба конференсия олим,  доктори илмҳои филология, профессор Айнишиносӣ барҷастаи ҷумҳурӣ А. Мамадаминов  даъват карда шуда буд, ки иштироки ӯ ҷамъомади номбурдаро ҳусну тафовути тоза бахшид.

Инчунин дар  ин семинар муовини ректор оид ба корҳои илмӣ  доктори илмҳои таърих, профессор Н.К. Убайдуллоев иштирок намуда, ба он ифтитоҳ бахшида, меҳмони имрӯзаи ҷамъомад устод А. Мамадаминовро  хайру мақдам гуфта, сипас оид ба мақсаду мароми баргузории семинари мазкур қайд намуд, ки  дар ин рӯзҳо дар тамоми давлатҳои форсзабон бахшида ба 140- солагии  зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ ҷамъомадҳо баргузор гашта истодааст.

 
Wednesday, 18 April 2018 11:33
There are no translations available.

Конфронси хотирмон

Кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ рӯзи 17-уми соли 2018 конфронси донишгоҳии омӯзгорон ва донишҷӯёнро доир кард, ки асосан ба 140 - солагии поягузори адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бахшида шуд. Онро бо сухани ифтитоҳӣ доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод кушода роҷеъ ба нақши Садриддин Айнӣ дар рушди забони  тоҷикӣ, муборизаҳои ин абармарди миллати тоҷик барои исботи мавҷудияти миллат ва забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ, омилҳои пайдоиши «Намунаи адабиёти тоҷик» ва нақши он барои таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон, саҳми номбурда баҳри таъсиси мактабҳои усули нав ва талошҳои пайгиронаи Айнӣ ҷиҳати эҳёи муҷаддати анъанаҳои миллӣ ибрози назар кард. Номбурда ҳамчунин аз таассуроти сафари гурӯҳи устодон

 
Tuesday, 17 April 2018 11:55
There are no translations available.

Барномаи фарҳангӣ ба меҳмони хориҷӣ

Дар идомаи конференсияи байналмилалии илмӣ, ки ба ифтихори 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ дар қисмати аввали рӯзи 16-уми апрел доир гардид, барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ намоиш дода шуд. Дар он ректори таълимгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ ва меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Русия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон, Фаронса ва олимони ватанӣ ширкат доштанд. Дар чорабинӣ ҳаваскорони ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ бо ҳунару

 


Page 231 of 306
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в