• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Thursday, 09 November 2017 09:06
There are no translations available.

Навбатдории устодони кафедраи сиёсатшиносӣ дар хобгоҳҳои Донишгоҳ

Дар асоси нақшаи Раёсати тарбия ва кафедраи сиёсатшиносӣ омӯзгорони кафедра  Қосимова Р., Ахиева С., Мирзоев У. ва мудири кафедра Бедилов Ҳ. Дар хобгоҳҳои донишгоҳ навбатдорӣ намуданд. Дар хобгоҳи № 3 бо истиқоматкунандагони донишҷӯдухтарон семинар дар мавзуъҳои мубрамияти рӯзи ҷоме суҳбат намуданд.

 
Tuesday, 07 November 2017 05:07
There are no translations available.

«Конститусия кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон»

Садорати факултети таърих дарси кушоди тарбиявиро дар санаи 03.11.2017  аз ҷониби мудири кафедраи ҳуқуқ  Шарипов Н. бахшида ба «Рӯзи Конститутсия» дар мавзӯи «Конститусия кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон»  дар байни курсҳои 3-юм доир намуд. Омӯзгор қайд намуд, ки конститутсия барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ санаи тақдирсоз буда, аввалин маротиба миллати тоҷик бо раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии хешро бо иродаи худ қабул намуда, бо дарки тамоми масъулият онро мавриди амал қарор дод. Пеш аз он, ки оид ба масъалаи нақши

 
Saturday, 04 November 2017 08:10
There are no translations available.

Кумак ба маъюбон

Аз рӯи нақшаи ҳамкорӣ бо хоҳиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони ш.Душанбе ба ин муассиса 214 адад китобҳои бадеӣ ҳадя намудем.

4.11.2017 соати 10 .00  ба рӯзи конститутсия дар ин муасиса чорабинӣ баргузор шуд.Дар ин чорабинӣ  устодон аз факултаи таърих Қаландарова Н,Фозилова М,мудири китобхонаи Донишгоҳ Мусина  Э  иштирок ва баромад намуданд.

 
Saturday, 04 November 2017 08:02
There are no translations available.

Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

03.11.2017 дар толори фарҳангии Донишгоҳ, қисми тарбия дар якҷоягӣ бо мудири кафедраи географияи табиӣ факултети география Рауфов Р. дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баргузор намуданд, ки зиёда аз 300 нафар омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзидан.

 
Saturday, 04 November 2017 07:59
There are no translations available.

Конститутсия ва ташакули низоми давлатдории миллӣ

Санаи 03.11.2017 бо ташаббуси шӯъбаи кор бо ҷавонон ва садоратифакултети забонҳои романӣ-германӣ дар ҳамкори бо маркази ҷавонони душанбе мизи мудаввар бо ифтихори рузи қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҳти унвони "Конститутсия ва ташакули низоми давлатдории миллӣ" баргузор гардид ,ки дар он доир ба мақом ва ҷойгоҳи Конститутсия дар пойдории давлат ва ташакулли низоми давлатдории миллӣ андешаҳо ироа гардид.

 
Saturday, 04 November 2017 07:47
There are no translations available.

ЭЪЛОН!!!

Ба донишҷӯёни курсҳои 1-уми  факултети таърих расонида мешавад, ки тибқи нақша чорабиниҳои Созмонҳои ҷамъиятии факултет бахшида ба 25-умин солгии Иҷлосияи XVI- Шӯрои Оли Ҷумњурии Тоҷикистон ва «Cоли ҷавонон» футболи хурдро аз санаи 08.11.2017 соати 1600 дар майдончаи варзишии донишгоҳ ба нақша гирифтааст, оғоз мегардад.

 
Friday, 03 November 2017 05:58
There are no translations available.

Намоиши китоб

Бахшида ба рӯзи сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-ноябр дар саҳни Донишгоҳ намоиши китоб гузошта шудааст намоиш аз 1.11.2017 то 5.11.2017 давом мекунад.

Дар намоиш китобҳои оид ба қонунҳо,иловаҳо ба қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва дигар китобҳо гузошта шуда буданд.

 


Page 258 of 305
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в