• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
27.09.2017 04:35

Аниси кунҷи танҳоӣ

Мувофиқи нақша-чорабиниҳои китобхона дар соли таҳсили 2017-2018 китобхонаи донишгоҳ муваззаф гардида, ки аз 11-ум то 28-уми сентябр намоиши китобҳоро дар саҳни донишгоҳ ва факултаҳо ба роҳ монад. Дар намоиш китобҳои тозанашре, ки аз ҷониби матбааи донишгоҳ ба чоп расидаанд ва китобҳое, ки ба наздикӣ вориди бойгонии китобхона шудаанд, пешкаши ташнагон ва дӯстдорони илму маърифат мегардад. Донишҷӯёни тамоми факултаҳо метавонанд китобҳои ба ихтисоси хеш марбутро аз ин намоишгоҳ пайдо намоянд.

 
26.09.2017 11:39

Баҳонаҷӯӣ то кай?

Ҳамарӯза баъд аз соати ҳашт, ки оғози дарс аст, донишҷӯёни зиёдеро дар даромадгоҳи донишгоҳ вохӯрдан мумкин аст, ки аз дарс дер мондаанд. Албатта баҳонаи онҳо тайёр аст: «нақлиёт набуд». Маълум аст, ки ин як баҳонае беш нест. Донишҷӯи масъулияшинос ҳамеша дар вақташ ба дарс ҳозир мешавад. Донишҷӯёне, ки имрӯз, 26-уми сентябр ба дарс дер мондаанд, инҳоянд:

 
26.09.2017 11:27

Беҳбудии иқтисодиёт пешрафти ҷаҳон

Бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯён барои такмили дониш ва таҳлили тамоюли тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ 25-уми сентябр дар толори Шӯрои олимони факултаи технология ва иқтисодиёт бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии «Назарияи иқтисодӣ» маҳфили илмию амалӣ бо номи «Сармояи инсонӣ» дар мавзӯи «Таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Маҳфилро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ш.Азизов

 
25.09.2017 16:55

Донистани забони тоҷикӣ ҳатмист

Таҳлили мухтасаре доир ба раванди забономӯзии

донишҷӯёни бурунмарзӣ

Дар донишгоҳи мо зиёда аз 1718 нафар донишҷӯи хориҷӣ дар шуъбаи рӯзона ва беш аз 96 нафар дар шуъбаи ѓоибона таҳсил менамоянд. Дар ин мақола сатҳи забондонӣ ва азхудкунии дарсҳои таълимии онҳоро мавриди баррасӣ қарор додем.

Розия Абдуллоева, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, раванди таҳсили донишҷӯёни хориҷиро хуб арзёбӣ мекунад ва омӯхтани забони таҳсилашонро (баъзе дар гурӯҳҳои русӣ ва баъзе дар гурӯҳҳои тоҷикӣ таҳсил мекунанд) барои онҳо ҳатмӣ

 
25.09.2017 16:51

Манфиати камераҳои назоратӣ дар чист?

Бо шурӯи соли нави таҳсил дар баробари дигар навигариҳое, ки дар донишгоҳ рӯй доданд, насби камераҳои назоратӣ дар синфхонаҳои лексионӣ ҳам ҷой дорад. Пиромуни зарурат ва манфиати ин иқдом бо зумрае аз мутахассисон ва омӯзгорон суҳбат доир намудем.

Директори Маркази хизматрасонии техникии донишгоҳ Сулаймон Шукуров, қайд кард, ки камераҳои назоратӣ дар дохили

 
25.09.2017 16:41

Поягузори шеъру забони ноби тоҷик

Бахшида ба Рӯзи бузургдошти сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 22 сентябр дар донишгоҳ чорабинии бошукӯҳ  баргузор гардид, ки дар он шоирони шинохтаи тоҷик Аскар Ҳаким, Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло, Шаҳобиддини Шуҷоъ, Хайрандеш ва фалаксарои машҳури Тоҷикистон Абдулмаҷид Бердиев ҳузур доштанд.

Нахуст ректори таълимгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ доир ба  ҳаёту фаъолияти Рӯдакӣ сухан

 
25.09.2017 16:17

Ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар шӯрои ҷадид

Дар ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳимояи адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ унвонҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ҷамшед Шокиров ва Боҳир Раҷабов рисолаҳои номзадии хешро дар мавзӯоти «Абдулҳомиди Котиб ва нақши ӯ дар густариши номанигорӣ дар қарнҳои аввали ислом» ва «Афкори адабӣ-танқидии Лоиқ Шералӣ дар осори публитсистии ӯ» бомуваффақият дифоъ карданд.

 
25.09.2017 16:14

Насабро бояд донист

 

Бо тавсияи Шӯрои олимон факултаи таърихи донишгоҳ китоби омӯзгори собиқадор Ҳамза Камол таҳти унвони «Насабшиносӣ» дар матбааи таълимгоҳ ба табъ расид.

Ба ибтикори муаллиф бори нахуст дар Тоҷикистон ин китоб омода шуд, ки дарбаргирии матолибе аз таърихи пайдоиши насабшиносӣ, ҳадафи омӯзиши он, аҳамияти ин фан дар пажӯҳиши ҳаводиси ин ва ё он давр, сайри таърихии насабномаҳо ва ѓайра мебошанд. Умедворем, ки доираҳои илмию таълимӣ ба он таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ