• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
25.09.2017 16:01

Маводи судманд барои донишҷӯён

«Комплекси таълимию методӣ аз физикаи умумӣ» (Механика) китобест, ки устодони факултаи физикаи донишгоҳ А.Неъматов, С.Сияҳаков ва А.Мирзомамадов таълиф кардаанд. Китоб ба сифати маводи омӯзиш барои омӯзгорону донишҷӯёни ихтисосҳои физика, физика-математика, таълими касбӣ: радиоэлектроника, таълими касбӣ: энергетикаи донишгоҳу донишкадаҳои омӯзгорӣ ва соҳавӣ, коллеҷҳои омӯзгорӣ ва касбию техникӣ омода шудааст.

Истифодаи маводи мазкур имконият медиҳад, ки ҳаводорони фан соҳиби дониши назариявӣ, малакаҳои тахассусӣ ва ба як қатор салоҳиятҳои касбӣ ноил гарданд. Матни лексияҳо, маводи дарсҳои амалӣ, номгӯи супоришҳо барои машѓулиятҳои КМДРО ва КМД, шарҳи мафҳумҳои асосӣ ва истилоҳоти илмӣ, феҳристи адабиёти асосӣ ва иловагӣ барои мустақилона аз худ намудани мавзӯъҳо ва ҳалли масъалаҳои гузошташуда мусоидат карда метавонад.

 
25.09.2017 15:56

«Химияи органикӣ»-китоби дарсӣ

Омӯзгорони соҳибтаҷрибаи факултаи химияи донишгоҳ С. Бандаев, Д.Муродов, Т.Гулов ва А.Касирова китоби дарсиеро бо номи «Химияи органикӣ» таълиф намуданд, ки бо ибтикори раёсат дар матбааи таълимгоҳ бо сифати баланд интишор гардид.

Китоби мазкур дар асоси барномаи таълимӣ, ки дар маҷлиси мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, навишта гардидааст. Дар китоб нуктаҳои асосии назарияи сохт ва механизми реаксияҳои пайвастҳои органикӣ, синфҳои асосии пайвастҳои органикӣ, сохт, хосият ва усулҳои ҳосил кардани онҳо таҳлил шудааст.

Химияи органикӣ яке аз қисмҳои муҳимтарини илми химия ба ҳисоб меравад. Ин фан сохти мантиқии хосро доро мебошад, ки омӯзиш ва донистани он барои донишҷӯён аҳамияти зарурӣ дорад.

 
25.09.2017 15:50

Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ

 

Зери унвони «Ашъори баргузида» гулчини шеърҳои Асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик, устоди сухан Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гирдоварӣ шудааст. Дар маҷмӯа талош шуда, ки аз ҳама анвои шеърӣ ва мавзӯоти осори Рӯдакӣ намунаҳо оварда шавад, то хонанда дар мавриди мероси адабии шоир тасаввуроти ҳарчи комилтар дошта бошад.

Азбаски бисёре аз пораҳои бозмондаи ашъори Рӯдакиро ба қатъият наметавон ба навъи адабии мушаххас нисбат дод, аз қисмат намудани китоб ба навъҳои адабӣ даст кашида шуда, барои осонии истифода аз он маҷмӯа дар асоси мавзӯъву мундариҷа таҳия гардидааст.

 
25.09.2017 15:41

Илме бо таърихи 2500-сола

 

Вожаи юнониасли «этика» таърихи ҷолиб дорад. Дар ибтидо он ҳамбаста ба шакли зиндагии томелодии одамон (дар аҳди ҷамъияти ибтидоӣ) маънои хонадони ягона ва қоидаҳои онро ифода мекард ва тадриҷан дар иртибот бо рушди ҳаёти мардумӣ мафҳуми мазкур бо маъноҳои виҷдон, баду нек, накукорӣ, ҳамдилӣ, дӯстӣ ва мояи ҳаёт пайванд хӯрд.

Перомуни этика гуфтору мулоҳизаҳо, таъкидоту фаҳмишҳои гуногун ба миён омаданд ва тадриҷан он ба сифати илме дар таркиби фалсафа эътироф карда шуд. Минбаъд ин илм таваҷҷуҳи донишмандони зиёдро ба худ ҷалб намуд ва кор ба ҷое расид, ки онро чун илми мустақил арзёбӣ

 
25.09.2017 15:11

Муҳити илму адабпарвар

Ду ташаббуси мондагори як донишгоҳ

Ихтисосҳое ҳастанд монанди шоириву нависандагӣ, ки мактаб надоранд, тарҷумониву муҳаққиқӣ низ аз ҷумлаи онҳост. Ин касбҳо аз умқи сина дар заминаи таҷрибаву гузашти рӯзгор ба вуҷуд меоянд. Ин аст, ки олимону донишмандон ва адибони мо баъди баҳрабардорӣ аз назария, каме таҷриба дар доираи ин ё он соҳа домани касберо интихоб мекунанд, ки ба шавқу завқ, рӯҳу равонашон мувофиқ аст. Хушбахтона, солҳои охир шумори онҳое, ки ба тарҷумаи бадеӣ даст мезананд, низ бештар мешавад. Муҳим аз ҳама, бори аввал ҷавононе ба майдони фаъолият мебароянд,

 
22.09.2017 02:52

«Паёми Донигоҳи омӯзгорӣ» дар сабти КАО Федератсияи Росссия

Маҷаллаи илмии Донишгоҳи омӯзгорӣ «Паёми Донигоҳи омӯзгорӣ» шакли электрониаш ISSN-2219-5408 аз  20 июли соли 2017 аз нав дар КАО Федератсияи  Россия ба қайд гирифта шуд. Маҷалла мақолаҳои  илмӣ ва натиҷаҳои татқиқотии муаллимонро дар самтиҳои 07.00.00-иомҳои таърих ва бостоншиносӣ, 10.01.00-адабиётшиносӣ, 10.02.00-забоншиносӣ ва 13.00.00-илмҳои педагогӣ муарифи менамояд.

 
21.09.2017 13:43

Насби камераҳои назоратӣ дар аудиторияҳо бар манфиатанд

Андешаҳои деканони факултаҳо доир ба ин мавзӯъ

Диловар Муродов, декани факултаи химия

- Барои мутобиқ намудани сатҳи саводи муҳассилини имрӯза бо донишҷӯёни давлатҳои пешрафта бояд аз усулҳои навини таълим истифода бурд. Инчунин, бояд аз шакли ҷадиди назорати таълим кор гирифт. Яъне, яке аз чунин шаклҳои назорат насби камераҳои назоратӣ дар синфхонаҳо мебошад.

Мирзобек Шарифов, декани факултаи биология

- Насби камераҳои назоратӣ аз он ҷиҳати хубанд, ки назорат беҳтар мешавад, масъулият дар

 
21.09.2017 13:31

Донишҷӯёни фаъол-ифтихори факулта

18-уми сентябри соли равон дар факултаи химия аз ҷониби кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ маҳфили «Забони русиро меомӯзем» бо иштироки донишҷӯёни соли якуми факултаи мазкур баргузор гардид. Маҳфилро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Гуландом Рустамова гузаронид. Донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд, махсусан,  Анвар Мирзоев ва Раънохон Шарифова ба саволҳо зиёдтар посух гуфтанд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ