• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
12.12.2016 09:11

Зери парчам муттаҳид мешавем

Дар чорабиние, ки бахшида ба Рӯзи Парчам дар донишгоҳ баргузор гардид, нахуст ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ сухан гуфт. Мавсуф Парчамро нишони ягонагии давлату миллат унвон карда, даъват ба амал овард, ки дар муттаҳидӣ зери ин ливо барои ободии кишвар бикӯшем.

Дар идома декани факултаи филологияи тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Боймурод Шарифзода дар хусуси таърихи пайдоиши

 
25.11.2016 06:08

Ифтитоҳи кафедраи пойгоҳӣ дар мактаб

Бо ташаббуси бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ ва кафедраи методикаи таълими физика дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70, ки ҳамчун кафедраи пойгоҳии фанҳои дақиқ ба шумор меравад, семинар дар мавзӯи «Истифодаи методҳои интерактивӣ дар таълими физика» доир гашт.

Дар семинар сардори раёсати таълим Б.Самиев, роҳбари бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Ҷ.Исломова роҳбарияти муассисаи номбурда ва

 
25.11.2016 06:06

Президент ҳомии Ватан аст

Муҳтавои суханронии доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Имомқул Буриев, ки 15-уми ноябр дар конфронси бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ироа кард, ташреҳи калимаи «президент» ва вазифаҳои он буд. Мавсуф қайд кард, ки президент дар Рими қадим маънои сарвари давлатро дошт. Аввалин президент дар ҷаҳон дар Амрико таъйин гардид, ки Ҷорҷ Вашингтон мебошад.

 
25.11.2016 06:01

Дарси кушод ба ифтихори Рӯзи Президент

16 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар факултаи таърих дарси кушоди тарбиявӣ таҳти роҳбарии профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик Маҳмуд Маликов гузаронида шуд.

Дарсро профессор оғоз бахшида, қайд намуд, ки  сарчашмаи ободию пирӯзии инсон ҳамеша аз дили соф, нияти нек ва меҳру муҳаббати поки ӯ ғизо мегирад. Яъне, ҳар кас аз

 
25.11.2016 06:00

Қаламча барои баҳор

Тоза нигоҳ доштан, оро додани саҳни донишгоҳ ва атрофи он вазифаи асосии кормандони қисми хоҷагӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, онҳо дар ин кор масъулияти ҷиддӣ ҳис карда, вазифаи бар дӯш гирифтаашонро сари вақт ва бе каму кост иҷро мекунанд.

Инак, онҳо ба қаламча кардани гулҳо барои соли оянда оғоз намуданд. Ҳамасола дар охирҳои фасли тирамоҳ онҳо гулҳоро қаламча карда, мешинонанд ва дар фасли баҳор, вақте ки онҳо

 
25.11.2016 05:59

«Гулистон»-гулбоғи дониш

Муаррифии силсилакитобҳое, ки дар матбааи донишгоҳ рӯи чоп омадаанд, идома дорад. 11-уми ноябр дар донишгоҳ муаррифии китоби «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ баргузор гардид. Конфронсро забоншинос Давлатбек Хоҷаев оғоз бахшида, қайд намуд, ки китоби «Гулистон» яке аз пурмазмунтарин осори фикриву ахлоқии тамаддуни башарӣ ба ҳисоб меравад.

Ин китоб дар тӯли садсолаҳо мавқеи худро гум накарда,

 
25.11.2016 05:57

Муаррифии асарҳои пурарзиши Президент

Ҳамоишеро, ки бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ баргузор гардид, ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ ифтитоҳ намуд. Мавсуф аз солҳои мудҳиши ихтилофоти шаҳрвандӣ ёдовар шуда, махсусан, ҷасорати Сарвари давлатро қайд кард. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Президенти кишвар ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфт, гурезагон ба Ватан баргаштанд, хатари аз байн рафтани кишвар рафъ гашт. Бо туфайли сиёсати пешгирифтаи Президент Тоҷикистонро баъди 1000 соли

 
25.11.2016 05:55

«Шеър-ул-аҷам»-раҳнамое дар арсаи адабиёт

Тибқи нақша муаррифии силсилакитобҳое, ки дар матбааи донишгоҳ рӯи чоп омадаанд, давом дорад. 18-уми ноябри соли равон рӯнамоии китоби «Шеър-ул-Аҷам»-и Шиблии Нуъмонӣ баргузор гашт. Ҷамъомадро ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ оғоз бахшида, аз заҳматҳои Абдухолиқи Набавӣ-тарҷумони асар ёдовар шуд ва дар бораи Шиблии Нуъмонӣ, ин нобиғаи замон, сухансанҷи донишманд маълумот дод. Мавсуф қайд кард, ки бо вуҷуди урдузабон будан Шиблии Нуъмонӣ ба адабиёти форс

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ