• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
15.04.2016 08:53

Ба пешвози 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ИСТИҚЛОЛИЯТИ АДАБӢВА РАҲОӢ АЗ ЧАҲОРЧӮБАИ ИДЕОЛОГӢ

Тӯли 25 соли соҳибистиқлолӣ адабиёти тоҷик ба тадриҷ аз чаҳорчӯбаи сиёсии методи реализми сотсиалистӣ берун шуда, рӯ ба асолати азалӣ оварда истодааст. Методи реализми сотсиалистӣ ягона методе буд, ки соли 1934 дар анҷумани нахустини нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав барои тамоми адабиёт ва санъати сохтори Шӯравӣқабул карда шуда, то барҳамхӯрии сохтор меъёри санҷиши осори аҳли адаб қарор гирифта буд.

 
15.04.2016 08:50

ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚИИ КОНСТИТУСИОНӢ

ЗАМИНАИ МУҲИМИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯИ ДАВЛАТӢ

Имсолмардуми Тоҷикистон 25 солагии  истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегиранд. Ин ҷашни бузург мазмунан ва моҳиятан баёнгари таърихи ҳазорсолаҳои дури тоҷикон буда, ба сифати рӯйдоди сиёсиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангӣ бо раванди дуру дарози ташаккули фарҳанги давлатдорӣ, роҳи пуршебу фарози расидан ба истиқлолият ва густариш ёфтани ҳуввияти миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад ва мазҳари орзуву ормонҳои чандинасраи миллати тоҷик мебошад.

 
08.04.2016 19:45

Таъмини амният вазифаи ҳамагонист

Андешаҳо перомуни мақолаи доктори илми сиёсатшиносӣ Саидмумин Ятимов “Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ”

Тоҷикистони соҳибистиқлол солҳои охир ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон тавонистанд ҳадафҳои асосӣ ва стратегияи инкишофи худро рушан муайян созанд. Аммо воқеаҳои глобалӣ ва раванди геополитикӣ дар ҷаҳони имрӯза ба Тоҷикистон таъсири худро мунтазам мерасонад, зеро он ҷузъи ҷудонашавандаи ҷаҳон мебошад.

 
08.04.2016 19:20

Ахлоқи ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҷаҳонишавии илму техника ва пайдо шудани шабакаи глобалии Интернет, махсусан,  дар замони муосир ҳамчун як ниҳоди таъсирнок ва пур аз зиддият ҷомеаро ба ташвиш ва нооромиҳо оварда истодааст. Яъне, ин шабакаи ҷаҳонӣ ба майдони ҷанги фикрӣ мубаддал гаштааст. Ҷангҳои фикрӣ, албатта, ба воситаи забон амалӣ мешаванд.

 
08.04.2016 19:19

Нақши Роғун дар рушди иқтисодиёти кишвар

Осиёи Марказӣ аз назари географӣ на танҳо собиқ Осиёи Миёнаи Иттиҳоди Шӯравӣ, балки Қазоқистон, Муғулистон, Афғонистон, вилояти Цинзяну Уйғури Хитойро низ дар бар мегирад. Аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ, Тоҷикистон дар байни онҳо ҷои аввалро ишғол менамояд. Ҳаҷми то имрӯз мушаххас гардидани ин захираҳо ба 530 млрд. кВт/соат мерасад, ки ин барои кишваре чун Тоҷикистон ниҳоят зиёд мебошад.

 
08.04.2016 19:17

Ваҳдати миллӣ кафолати амнияти кишвар

Мардуми шарафманд ва фарҳангофари тоҷик, чи тавре Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъкид доштанд, ҷиҳати ноил шудан ба самараи сулҳ ва ваҳдати миллӣ «аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд,

 
08.04.2016 19:14

АМНИЯТИ ДАВЛАТ АМНИЯТИ МИЛЛАТ АСТ

Чанд вақти  охир дар сархати расонаҳо алайҳи  сиёсати феълии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати заъф қарор доштани фаъолияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои қудратӣ  сару садоҳое аз ҷониби манфиатхоҳони дохиливу берунӣ ба гӯш мерасад.

Маълум аст, ки ҳадаф аз  роҳандозӣ намудани чунин низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ пеш аз ҳама 

 
08.04.2016 19:10

ҚУВВАИ ПЕШБАРАНДАИ ҶАҲОНБИНӢ ВА

ШУУРИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР ИНКИШОФИ АМНИЯТИ МИЛЛ

Вақтҳои охир дар саҳифаҳои рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, нашрияҳои сершумори Тоҷикистон бисёр хабару мақолаҳо, очерку ҳикояҳо ва дигар пешниҳодҳои муҳим нашр гардида, ба диққати хонандагони сершумор пешниҳод карда метавонанд. Дар байни онҳо мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ Саймунин Ятимов «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (шурри муқаррарӣ)» ҷойи махсусро мегирад. Муаллиф дар ин мақола тағйиротҳои гуногуне, ки солҳои охир дар ҷаҳон имрӯза ва махсусан, дар ҳаёти халқу миллатҳое, ки дар

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ