• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
30.06.2014 08:51

Фарогирии таҳсилоти фарогир дар муассисаҳои таълимӣ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ 28-уми июни соли ҷорӣ доир ба муаррифии дастурҳои таълимии «Асосҳои таҳсилоти фарогир» ва «Таҳсилоти фарогир» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, макотиби олии мамлакат ва ташкилотҳои ҷамъиятию байналхалқӣ ширкат намуданд.

 
20.06.2014 16:30

Нақши Ваҳдати миллӣ дар сулҳи Тоҷикистон

Ба ифтихори 17-умин солгарди Ваҳдати миллӣ 19-уми июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш, ки бо ибтикори кафедраҳои фалсафа ва сиёсатшиносии таълимгоҳи мазкур ташкил ёфта буд, Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошорух Асрорӣ

 
17.06.2014 08:26

Тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф (Аксҳо)

Муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирғизистон ба номи М.Акмуллӣ Алмаз Мустаев ва котиби масъули комиссияи қабули ҳамин донишгоҳ Фиданис Тимерханов 16-уми июни соли ҷорӣ бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Абдуҷаббор Раҳмонов мулоқот намуданд.
Дар вохӯрии мазкур, ки бо ширкати аъзои Шӯрои олимон баргузор гардид, академик А.Раҳмонов пиромуни

 
12.06.2014 09:23

Ифтитоҳи Маркази педагогикаи миллӣ (Аксҳо)

Дар факултаи педагогикаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, имрӯз, 11-уми июн, Маркази педагогикаи миллӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар расми ифтитоҳи он ректори донишгоҳ, академик Абдуљаббор Раҳмонов ширкат варзида, доир ба моҳият ва аҳамиятнокии маркази мазкур сухан ронд. Дар такя бар қавли мавсуф, ин марказ, аслан, барои муҳассилини риштаи таҳсилоти то мактабӣ ба нақша гирифта шуда,

 
07.06.2014 09:51

Коркарди дубораи партовҳо

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист бо ташаббуси Маркази дастгирии ҷавонони болаёқати ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар саҳни донишгоҳ байни донишҷӯёни факултаҳо озмуни «Як рӯзи тозагӣ ва истифодаи дубораи партовҳо» доир гардид. Тавре дар оғози чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Б.Самиев изҳор кард, ҳифзи мӯҳити зист аз ҳама ҷиҳат муҳим асту вазъи экологии моро, ки диёрамон кишвари хушбоду ҳавост, хуштар нигоҳ медорад.

 
07.06.2014 08:57

Дипломи “Россотрудничество” ба ректор

Владислав Курнушко, роҳбари Оҷонсии федеролии Русия “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, 6-уми июни соли равон ба ДДОТ ба номи С.Айнӣ ташриф оварда, бо ректор, академик А.Раҳмонов мулоқот намуд.
Дар оғози вохӯрӣ, ки бо ҳузури васеи роҳбарони сохторҳои донишгоҳ баргузор гардид, А.Раҳмонов равобити мутақобилан судманди таълимгоҳро бо “Россотрудничество” ситоиш карда, изҳор дошт, ки ин ташкилот барои омӯзиши густурдаи забони русӣ дар донишгоҳ иқдомоти наҷибу манфиатборро амалӣ намудааст.
Ректор аз фаъолияти Маркази русӣ ва ифтитоҳи Маркази забон, фарҳанг ва таърихи рус, ки чанде қабл таъсис ёфта буд, ёдовар шуда, онҳоро намунаи барҷастаи натиҷаи ҳамкориҳо унвон кард.
Дар такя бар қавли А.Раҳмонов, айни замон марказҳои мазкур бо технологияҳои навтарин муҷаҳҳаз буда, барои густариши забони

 
05.06.2014 16:04

Роҳхати бештар ба Хатлон

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ конференсияи умумиҷумҳуриявӣ «Оид ба тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли хониши 2014-215» доир шуд. Баробари иштироки бевоситаи ректори донишгоҳ, академик А.Раҳмонов дар конфронс муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон З.Назруллоев, мудирони маорифу намояндагонашон

 
31.05.2014 11:07

Низоми кредитӣ ва мушкилоти он

Дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ конференсияи илмиву амалӣ дар мавзӯи «Низоми кредетии таҳсилот, проблема, таҷриба ва роҳҳои ҳалли он» доир гардид, ки гузоришоту маърӯзаҳои устодони донишгоҳу намояндагони дигар макотиби олии кишварро фарогир шуд.
Тавре дар оғоз ректори донишгоҳ, академик А.Раҳмонов изҳори назар кард, ин низом, ки дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё ҷорӣ шудааст, аз устод дониши саҳеҳу

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ