Saturday, 28 October 2023 03:17 |
There are no translations available.
МИЁНИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ ВА ШУРОҲОИ АМРИКОИИ ТАҲСИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ СОЗИШНОМА БА ИМЗО РАСИД
 Мақсади созишнома ба омӯзгорони забони англисӣ, толибилмони донишгоҳ ва мутахассисони ҷавон имконияти дастраси ба маводи таълимии забони англисӣ муҳайё намудан, ҳамзамон омӯзиши барномаҳои ба монанди FLEX, TEA, Maskie, JFDP ва амсоли инҳоро роҳандозӣ намудан мебошад.
|
Friday, 27 October 2023 04:16 |
There are no translations available.
ГИРОМИДОШТИ НАВИСАНДАИ РУС ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС
 25-уми октябри соли равон дар маҳфили «Адиб»-и факултети забон ва адабиёти рус тибқи нақшаи баргузории маҳфилҳои илмӣ-адабии донишҷӯён, бахшида ба 195-солагии нависандаи машҳури рус Л. Толстой шоми адабӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони раёсати илм ва инноватсия, омӯзгорону донишҷӯёни факултет фаъолона ширкат ва суханронӣ карданд.
|
Wednesday, 25 October 2023 02:37 |
There are no translations available.
ҚАДРДОНИИ ОМӮЗГОРОНИ СОБИҚАДОРИ ДОНИШГОҲ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА
 Рӯзи 24-уми октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори Рӯзи иттифоқҳои касаба чорабинии тантанавӣ таҷлил гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Наҳтулло Айнулозода, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Сангинзод Дониёр, иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ Дилшод Раҷабов ва ҳайати омӯзгорону кормандон иштирок намуданд.
|
Wednesday, 25 October 2023 02:29 |
There are no translations available.
РЕКТОР: АГАР РИСОЛАТАМОН ОМӮЗГОРИСТ, ЧАРО БАҲРИ БЕҲТАРСОЗИИ СИФАТИ ТАЪЛИМ НАМЕКӮШЕМ?!
 Нисфирӯзии имрӯз, 24 октябр ҷаласаи васеъи ректори донишгоҳ бо ҳайати профессорон, деканон ва мудирони кафедраҳову методистони шуъбаҳои ғоибона, муовинони деканҳо ва омӯзгорони Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доир гардид.
Дар он маҷмуи масъалаҳои марбут ба риояи интизоми меҳнат, баланд бардоштани сифати таълим, баргузор намудани дарсҳои кушод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
|
Tuesday, 24 October 2023 03:35 |
There are no translations available.
РЕКТОР: БАҲРИ БЕҲТАР ГАРДИДАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАРСҲО ҲАМЕША МАВРИДИ ТАҲЛИЛ ҚАРОР ДОДА ШАВАД!
 23-уми октябри соли 2023 ректори Донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор, аъзои раёсат ва деканони факултетҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуд.
Дар ҷаласа ректори донишгоҳ масъалаҳои риояи интизоми меҳнат, назорати баргузории дарсҳо аз ҷониби омӯзгорон, назорати баргузории соатҳои тарбиявӣ, кураторӣ, таҳлили дарсҳои омӯзгорон тариқи камераҳои назоратиро мавриди баррасӣ қарор дод.
|
Saturday, 21 October 2023 03:06 |
There are no translations available.
СОЗИШНОМА МИЁНИ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНЕКИИ ТОШКАНД ВА ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ БАСТА МЕШАВАД
Имрӯз, 20-уми октябри соли 2023 Кушимов Бахтиёр, ректори филиали Донишгоҳи технекии Тошканди ба номи И. Каримови Вилояти Қӯқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Турдалиев Авазбек, Ҳайдаров Ҳасан, муовинон ва Мамадалиев Фозилбек, доктори ин муассисаи таълимӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории
|
Friday, 20 October 2023 14:10 |
There are no translations available.
СОЗИШНОМА БО ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ АРҚАЛИҚИ ҚАЗОҚИСТОН БАСТА ШУД
Имрӯз, 20-уми октябри соли 2023 байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи омӯзгории Арқалиқи ба номи И.Олтинсарини Ҷумҳурии Қазоқистон ба таври маҷозӣ созишномаи ҳамкорӣ баста шуд.
|
|
|
|
Page 6 of 284 |