Thursday, 15 June 2023 06:21 |
There are no translations available.
МУЛОҚОТИ РЕКТОР: ДАРСҲОИ ВЕДЕОӢ, КИТОБҲОИ ДАРСӢ, ВАЗЪИЯТ, ВОҚЕИЯТ, ДУРНАМО ВА ҲАЛЛИ ПРОБЛЕМАҲОИ ДОНИШГОҲ
Нимаи дуюми имрӯз, Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат вохӯрии судманд бо кормандону омӯзгорон, профессорону мудирони кафедраҳои факултети филологияи тоҷик, таърих ва ҳуқуқ, баргузор намуд.
Ректори донишгоҳ дар ҷаласа асосан ба фанҳои таълимӣ ва маводу китобҳои дарсӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, аз вазъи норасоии китобҳои дарсии фанҳои мазкур изҳори нигаронӣ намуд.
Дар ҷаласа ректори донишгоҳ зикр кард, ки раёсати донишгоҳ ҳамаи имкониятро барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва донишандӯзӣ фароҳам овардааст ва дар ин замина устодон бояд китобҳои дарсии фанни худро омода намоянд.
Ҳамзамон дар ҷаласа зикр гардид, ки баъзе омӯзгорону докторон ва профессорони мо солиёни зиёд аз рӯи чанд фанҳои таълимӣ дарс мегӯянд, аммо мутаассифона чанде аз ин фанҳое, ки онҳо таълим медиҳанд китобҳои дарсӣ надоранд.
|
Monday, 12 June 2023 12:10 |
There are no translations available.
ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТЕ, КИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ОНҶО МУТАСАДДӢ АСТ!
10-уми июни соли ҷорӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки тибқи нақшаи Вазири маориф ва илмӣ мутасаддӣ дар Ҷамоати деҳоти “Заргар”-иноҳияи Кӯшониён мебошад, аз рафти корҳои ободониву созандагии ин ҷамоати калонтарини ноҳия дидан намуд.
Ректори донишгоҳ дар якҷогӣ бо гурӯҳи вазифадоршуда аз 11 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, як гимназияи барои кӯдакони болаёқату як кӯдакистони хусусӣ, корхонаи истеҳсоли равғанбарориву корхонаи коркарди “Пахта” ва беморхонаи марказии Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кушониён дидан намуд.
Маврид ба зикр аст, ки нимаи дуюми рӯз вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро ба ин Ҷамоат ташриф оварда, дар толори маҷлисии муассисаи таълимии №14 бо фаъолони Ҷамоати деҳоти "Заргар"-и ноҳияи Кӯшониён дар якҷоягӣ бо раиси ноҳия мулоҷот анҷом дод.
|
Monday, 12 June 2023 12:09 |
There are no translations available.
ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУН 18 НАФАР ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ МАҚОМИ ИФТИХОРИРО СОҲИБ ШУДАНД
1-уми июни соли 2023 дар литсеи №3-и барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фӯруғи маърифат” ҷамбаст гардида, ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ маълум гардиданд.
Дар даври ноҳиявии озмун аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 48 нафар донишҷӯёни зинаҳои мухталиф ширкат варзида, 18 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
|
Friday, 09 June 2023 06:38 |
There are no translations available.
ШӮРОИ ОЛИМОН: БЕҲТАР ГАРДОНИДАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ АЗ ҚАРОРҲО ВА ТАСМИМУ ТАЛОШҲОИ МО ВОБАСТА АСТ!
 7-уми июни соли ҷорӣ ҷаласаи нақшавии шурои олимони донишгоҳ таҳти раисии ректори донишгоҳ дар толори васеи бинои асосӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳиме, ки нақшаи кории Шуро баҳри пешрафт ва рушди ҳамаи самтҳои донишгоҳ ба нақша гирифта шудааст, аз ҷониби ҳайати Шӯрои олимон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳар тасмим ва қарорҳое, ки дар ҷаласаҳои Шурои олимон қабул карда мешавад, бо мақсади рушди сатҳу сифати илму таълим дар донишгоҳ мебошад.
|
Friday, 09 June 2023 06:31 |
There are no translations available.
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН-ҲИЗБИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА СОЗАНДА
 8-уми июни соли 2023 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло-раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва иҷрои бандҳои нақша-чорабиниҳои ташкилот, инчунин ҷиҳати фаҳмонидани бандҳои Оиннома, Барнома ва ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хониши сиёсӣ таҳти унвони баргузор гардид. Дар чорабиниии мазкур Қубонзода Убайдулло-раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Дониёр Сангинзод-муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, Давлатзода Фариддун-сардори раёсати илм ва инноватсия, Назарзода Давлатхон-декани факултаи таърих ва ҳуқуқ, Раҷабов Дилшод-муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, Давлатшо Каримов-котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” ва зиёда аз 240-нафар аъзои ҳизб иштирок намуданд.
|
Thursday, 01 June 2023 02:12 |
There are no translations available.
ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ПОЯГУЗОРИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ТОҶИКИСТОН
31-уми майи соли 2023 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони "Пешвои миллат - поягузори сулҳу субот дар Тоҷикистон" мизи мудаввар баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод, сармутахасиси раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии кумита Саодат Исайнӣ, корманди бахши таҳлил ва иттилооти кумита Ҷонибек Давронов, олимону муҳаққиқони ҷавон ва як қатор донишҷӯён ширкат намуданд.
|
Friday, 26 May 2023 07:23 |
There are no translations available.
РЕКТОР: ПЕШРАФТИ КОРИ МО АЗ ТАТБИҚИ ДУРУСТИ БАРНОМАҲОВУ СТАНДАРТҲОИ СОҲА ВОБАСТА АСТ!
25-уми майи соли 2023 ҷаласаи васеи назоратии Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ бо ширкати муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва сардорони шуъбаҳо ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия баргузор гардид.
Ҷаласаро Аҳлиддин Ибодуллозода аз якқатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла масъалаҳое, ки дар хулосаи Агентӣ дарҷ гардида буданд оғоз намуда, ҳамзамон масъалаҳои назарати ҷиддии раванди ҳозиршавии омӯзгорон ба дарс, танзими меъёри ҳуҷҷатҳо, танзими ҳуҷҷатҳои хатмкунандагон шакли таҳсили рӯзона ва фосилавиро мавриди баррасӣ қарор дод.
|
|